Экстремизм. Заминаҳои қонунии мубориза такмил меёбанд

Амри эътирофшуда аз сӯи ҷомеаи байналмилалист, ки Тоҷикистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари пешоҳанг оид ба ҳалли масоили глобалӣ буда, дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, мавқеи оштинопазир дорад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ бо таваҷҷуҳ ба ин масъала роҳҳои пешгирии шиддати бемайлони хатарҳои ҷаҳонӣ, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардондани шахсони гумроҳшударо таъкид намуданд. Далели то кунун паст нашудани таҳдиду хатарҳои ҷаҳониро Пешвои миллат ба боздошти гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, марбут донистанд. Воқеан, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар соли 2018 гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиеро боздошт намуданд, ки талош доштанд, амалҳои даҳшатафканиро дар мамлкат анҷом диҳанд. Ин дар ҳолест, ки бино ба тасдиқи ВКД соли гузашта 873 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ - экстремистӣ ошкор ва ҷинояткорон боздошт гардиданд.

Бинобар ин, Сарвари давлат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дастур доданд, ки бо истифода аз шаклу усулҳои муосир мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳоро тақвият диҳанд. Зимнан, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирии экстремизм ва таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо экстремизм” - ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. 

Дар ҳоле ки таҳдидҳои харобиовари терроризму экстремизм бо истифода аз рушди технология дар қабои наву гуногун зуҳур мекунанд, бояд заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мубориза алайҳи он низ бо усулҳои мувофиқ тарҳрезӣ шаванд. Аз ин дидгоҳ, дастури Президенти маҳбуби кишвар оид ба такмили қонунгузории соҳавӣ муқовимат бо терроризму экстремизмро такони нав хоҳад бахшид. 
Бинобар ин, дар шароити ҳассоси ҷаҳони муосир ҳар яки моро зарур аст, ки таҳдиди гурӯҳҳои ифротгароро хатаре барои Ватан, халалдор кардани суботи ҷомеаи сулҳпарвари тоҷик бишносем ва дар мубориза бо ин зуҳуроти харобиовар беш аз ҳар вақти дигар худро масъул шуморем.

Фурқат САМИЗОДА, ёрдамчии прокурори шаҳри Ҳисор
Бозчопи
аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз  19.02.2019 №: 37

барчасп: