Иштироки тими Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар мусобиқоти варзишӣ барои Ҷоми Вазорати мудофиа

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар мусобиқоти ҳарбӣ-варзишӣ барои Ҷоми Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Ин мусобиқаҳо бахшида ба 26-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд, ки дар он тимҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят ширкат меварзанд. 

Мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои варзиши мини-футбол, шатранҷ ва тирпароонӣ мегузаранд.

Зикр бомаврид аст, ки кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ дар ин мусобиқаҳо аз омодагии ҷиддии варзишии худ дарак доданд ва бар тими яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ пирӯз шуданд. 

Мусобиқа рӯзи 23-феврали соли равон ҷамъбаст мешаванд.

 

барчасп: