Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Се нафар аз собиқадорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба нафақа рафтанд

9 феврали соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гусели тантанавии сардори Раёсати хадамоти махсуси наҷот полковник Олег Пилкевич ва сардори Шуъбаи молияи Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ, полковник Абдухолиқ Одинаев баргузор гардид.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи тантанавиро оғоз намуд. Вай аз ҷумла қайд кард, ки ҳар афсаре, ки “имрӯз ба истироҳат пас аз хизмати шоиста меравад, дар рушди КҲФ ҳиссаи сазовор гузошта ва намунаи беҳтарини хизмати содиқона ба Ватанро нишон додааст. Олег Владимирович ва Абдухолиқ Сатторович дар замони хизмат бо доштани истеъдоди хуби ташкилотчигӣ, касбияти баланд худро чун мутахассисони шоистаи касби худ муаррифӣ карданд. Дар ҳама ҳолатҳои мушкил онҳо тавонистанд тасмими дуруст гиранд ва як фазои мусоиди корӣ дар бахшҳои таҳти сарпарастии худ ба вуҷуд оварда тавонистанд. Дар солҳои хизмат шумо таҷрибаи касбиеро ҷамъ овардед, ки умедворем онро бо мутахассисони ҷавон бо ҳам мебинед”,- гуфт генерад Назарзода.  

Сарвари Кумита дар поёни суханронии худ бори дигар ба онҳо барои хизмати садоқатмандонаашон изҳори сипос намуд.

Зимни суханронии ҷавобии худ полковник Олег Пилкевич ба роҳбарияти Кумита ва ҳайати шахсӣ барои дастгириашон изҳори сипос намуд ва ваъда дод, ки ҳамеша ба насли ҷавону мутахассисони ҷавон аз таҷрибаҳои худ нақл хоҳад кард ва он чӣ омӯхтаву андӯстхтааст, бо ҳам хоҳанд дид. 

Маросими арзи эҳтиром ва собиқадорон бо супурдани тӯҳфаҳои хотиравӣ ба анҷом расид.

Ҳамчунин субҳи имрӯз дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон низ ҳамин гуна маросими гусели тантанавӣ ба нафақа баргузор шуд. Ҷонишини сардори Раёсат оид ба корҳои тарбиявӣ полковник Р.Файзов ба истироҳати хидматӣ гусел карда шуд. 

Дар ҷараёни ҷаласа кормандон дар бораи полковник Файзов Р. суханҳои саропо саршор аз меҳр иброз доштанд. Онҳое, ки солиёни дароз бо ин афсари хидматкарда кор мекарданд, аз ӯро як сарсупурдаи касби худ, мураббии бемисли ҷавонон ва ҳамкори меҳрубон номиданд. Сардори Раёсат подполковник Исозода С. ба Р.Файзов барои хизматҳои шоистааш дар рушди Кумита изҳори қадрдонӣ кард ва аз номи ҳайати шахсӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ супурд. “Дарҳои дили мо ва Кумита ҳамеша ба рӯи шумо боз аст”,- гуфт вай дар хотима.

барчасп: