Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Қурбониёни сарбанди рахнашуда дар Бразилия ба 134 нафар расид

Бар асари рахна шудани сарбанд дар иёлоти бразилии Минас-Жерайс 134 нафар ба ҳалокат расиданд ва 199 нафари дигар бенишон гум шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд теъдоди кушташудагон ҳамвора рӯ ба афзоиш дорад. Аз ин пештар аз бенишон шудани бештар аз 200 тан хабар дода мешуд.

 Бино ба иттилои пойгоҳи хабарии G1 то кунун ҷасади 120 нафар шиносоӣ шудааст. Дар рӯзи аввали ин ҳодиса мақомот эълон карданд, ки фоҷеа ҷони 121 нафарро рабуд ва 226 тани дигар бенишон шудаанд. 

Маврид ба ёдоварист, ки сарбанди Vale дар шаҳрдории Брумадиню рӯзи 25-уми январ канда шуд. Сели олуда ба хасу харӯбаву ҳар гуна ифлосиҳои дигар ба бинои маъмурии ширкати Vale ва хонаҳои сокинони минтақа сарозер гардид. 

Канда шудани сарбанди каналу рӯдхонаҳо як рӯйдодест, ки пайваста дар ин ё он гӯшаи олам рух медиҳад. Чунончӣ, тобистони соли 2018 бар асари рахна шудани сарбанд дар қисмати ҷанубу шарқии Лаос даҳҳо тан ба ҳалокат расидаву беш аз 6,6 ҳазор нафари дигар бехонаву дар монда буданд. Он замон ба дунболи канда шудани сарбанд обхезӣ рух дод, ки 42 рустои ноҳияи Санамсойро зери об кард. 

Моҳи майи соли гузашта бошад аз рахна шудани сарбанд дар патели Кения 32 нафар кушта шуда буданд ва бино ба маълумоти вазорати умури дохилии ин кишвар бар асари ин рӯйдоди фоҷеабор ду ҳазор нафар зарар диданд.

барчасп: