Анҷоми ҳамоиши минтақавии Платформаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ

Аввалин ҳамоиши минтақавии Платформаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ оид ба коҳиши зарар аз офатҳои табиӣ ба кори кори худ поён дод. Тавре хабар дода будем, ин ҳамоиш рӯзи 12-уми июн дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард ва рӯзи 14-уми июн ба анҷом расид.
Дар доираи ин ҳамоиш панҷ мизи мудаввар ва баррасиҳои мавзуъии ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои коҳиши хатар баргузор шуд. Аз ҷумла, масъалаҳои таъмини ҳамаҷонибаи ҳаёт ба аҳолӣ, барқарорсозии объектҳои иқтисодӣ ва инфраструктураҳо баъди офатҳои табиӣ, ҳамкориҳои давлат дар самти пешгирӣ ва бартарфсозии ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин тавсеъаи системаи минтақавии коҳиши хатар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
Ширкаткунандагон ҳамчунин фаъолияти серӯзаи худро ҷамъбаст намуданд, татбиқи тарҳҳои миллӣ ва минтақавиро дида баромаданд ва амалҳои муштарак оид ба пуштибонии минбаъдаи тавсияҳои барномаҳои Сендайро таҳия карданд.
Нақшаҳо оид ба омодагӣ ба Конфронси осиёгии вазоратӣ ва Платформаи панҷуми ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки қарор аст дар Ҳинд ва Мексика баргузор шавад, баррасӣ шуданд.
Дар ин конфронсҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд Эъломияи Душанбе ва натиҷаи корҳои минтақаро муаррифӣ хоҳад кард.