Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

СММ мегӯяд соли 2018 дар офатҳои табиӣ беш аз 10 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли гузашта офатҳои табиии шадидан вайронкунанда набуданд, вале бо вуҷуди ҳамаи ин бар асари рӯйдодҳои нохуши табиӣ дар сари то сари олам 10 ҳазору 300 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 60 миллион нафар зарар диданд. Дар ин бора рӯзи 24 январи соли равон Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо (ЮНИСДР) хабар дод.

Бар асари заминларзаҳо баъзе касон ҷойи кори худро аз даст доданд, гурӯҳи дигар макони зисташонро ва сеюмиҳо бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шуданд”,- изҳор дошт дар Женева Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо Мами Мисутори. Хону Мисутори дар ин нишаст оид ба рӯйдодҳои соли 2018 маърӯза мекард.

Дар омори қиёсии ҳаводиси фавқулоддаи ҷаҳон бо солҳои пеш соли 2018 қурбонии камтар доштааст. Аммо ин на ба маънои он аст, ки офатҳои табиӣ камтар рух додаанд, балки ба назар мерасад усулҳои коҳиши хатар такмил ёфтаанд. Масалан, соли 2010 танҳо бар асари заминларзаи Ҳоитӣ 200 ҳазор нафар кушта шуда буданд. Аммо соли 2018 ин гуна офатҳои фарогиру пурқурбонӣ набуданд. 

Соли гузашта пурқурбонитарин офати табиӣ ин тӯфонҳо ва заминларзаҳо дар Индонезия буд, ки бар асари он 3 ҳазору 400 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар Юнон азимтарин сӯхтор дар Аврупо зарфи даҳ соли охир рух дод, ки 126 нафарро ба коми марг кашид.

Бузургтарин оташсӯзии ҷангал дар таърихи ИМА соли гузашта дар иёлоти Калифорния рух дод. Ғайр аз ин дар Шветсия низ ҷангалзор оташ гирифт, ки пештар ин гуна ҳодиса дар ин кишвар камтар ба қайд гирифта мешуд. Соли гузашта сокинони баъзе мамолики Африқо аз тӯфону обхезиҳо ҷабр диданд. Ин гуна ҳодисаҳо дар Австралия ва Аврупо низ дида шуданд. 

Соли гузашта беш аз дигарон сокинони Ҳинд ҷабри бештар диданд, офатҳои табиӣ ба ҳаёти зиёда аз 24 миллион нафар зарар расонд. Дар Филиппин бошад 6,5 миллион тан ҷабр диданд. Тақрибан ба ҳамин миқдор сокинони Чин низ бар асари офатҳои табиӣ зарар диданд. 

Дар маърӯза гуфта мешавад, ки соли равон тибқи таҳлили коршиносон кишварҳои Африқои Ҷанубӣ ва Амрикои Марказиро хушксолӣ интизор аст.

Мами Мисутори ёдовар шуд, ки соли 2015 дар шаҳри ҷопонии Сендай стратегияи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо қабул шуда буд, ки ба нақши давлатҳо дар ин маврид таъкид мекард. Аз ҷумла давлатҳо бояд принсипҳои дар он нишондодашударо ҳангоми рушди хоҷагии халқи мамлакаташон ба эътибор бояд бигиранд. 

«Беш аз ними аҳолии сайёра дар шаҳрҳо зиндагонӣ мекунанд, - зикр намуд хонум Мисутори. Аммо ин шаҳрнишинӣ чӣ гуна сурат мегирад? Асосан бесарусомонаву парешон ва ё бе риояи нақша ва меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмон, набудани чораҳои ҳифзи системаи экологӣ”.

барчасп: