Лабораторияи кимиёвӣ ва радиометрӣ

Лабораторияи кимиёвию радиометрӣ аз соли 1959 инҷониб дар баробари таъсис ёфтани Ситоди Мудофиаи граждании Ҷумхурии Тоҷикистон, ки тобеи Вазорати мудофиаи Иттиҳоди Шуравӣ буд, дар таҳхонаи яке аз биноҳои истиқоматӣ дар наздикии бинои Ситоди мудофиаи гражданӣ фаъолияти худро амалӣ мекард.
Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвӣ ва радиометрӣ сохторест, ки дар системаи Мудофиаи гражданӣ аз аввали ташкилёбии он то имрӯз боқӣ мондааст.
Бо қарори Шуроӣ Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994 таҳти рақами 400 Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт.

Дар сохтори Дастгоҳи марказии Кумита дар ҳайати Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд Лабораторияи химиявию радиометрӣ арзи вучуд дошт. Дар он солҳо танҳо сардори Лаборатория хизматчии ҳарбӣ буда, дигарон мутахассисон ва коргарон буданд.

Бо таъсис ёфтани Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1999) Лабораторияи кимиёвию радиометрӣ ба сохтори алоҳида табдил ёфта ба худ номи Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвӣ ва радиометриро касб кард.

Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвӣ ва радиометрӣ ҳоло дорои як шуъба ва як гуруҳ буда, техникаҳои махсуси худро дорад. Аз тачхизоту воситахои хозиразамони чавобгӯ ба талаботхои байналмилалӣ, мутахассисиони ботаҷриба ва фаъолияти хуби онҳо номи сохторро дар тамоми кишвар мешиносанд. 

Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвӣ ва радиометрӣ барои бурдани назорат ҷиҳати дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани воситаҳои ҳифзи радиатсионӣ кимиёвӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва ҳалли фаврии масъалаҳои мудофиаи гражданӣ оиди муайян намудани моддаҳои радиоактивӣ, кимиёвӣ ва дигар моддаҳои сахттаъсири заҳролудкунанда, инчунин бурдани назорати доимӣ оиди сатҳи олудагии кимиёвӣ ва радиатсионии муҳит дар замонҳои осоишта ва ҷангӣ арзи вуҷуд менамояд.

Лаборатория фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Мудофиаи гражданӣ», «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табии ва техногенӣ», Низомномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст дар ҳамкории зич бо Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ва дигар мақомотҳои дахлдор ба роҳ мондааст.


Тахлили кимиёвии махлулхои ба лаборатория овардашуда

Дар ҳайати Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвӣва радиометрӣ шуъбаи кимиёвӣ ва радиометрӣ ва гурўҳи молия амал мекунанд. Шумораи хизматчиёни ҳарбӣ аз 1 нафари соли 1994 ба 7 нафар дар соли 2014 расидааст. Дар давоми 20 соли охир мутахассисони зиёд сахми худро дар пешрафти сохтори мазкур гузоштаанд.
Аз соли 1994 то инҷониб инҳо Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвиро сарварӣ мекарданд:

  • капитан Додохонов С.И.
  • лейтенант Хотамов Р.  
  • хизматчӣ Кошелёва Н.П.
  • лейтенант Камолов Ҷ.Ҷ.  
  • хизматчӣ Кутузова А.П.

Ҳол ин вазифа бар души полковник Т.Ф. Маҳмадов мебошад.
То соли 1999, яъне то ташкил шудани Вазоратиҳолатҳои фавқулодда ҳама воҳидҳои корӣ ғайриҳарбӣ буданд ва мутахассисони зерини лаёқатманд дар фаъолият доштанд:

  • кимиёшинос Михайлова С.С.
  • воясанҷ (дозиметрчӣ)Киреева Е.Г. 
  • кимиёшинос Кошелёва Н.П. солҳои
  • кимиёшинос Зокирова Ч.Х. солхои
  • мутахассиси дараҷаи 2  Гусамова Н.Г.
  • дозиметрчӣ Кутузова А.П. солҳои
  • навбатдори оперативи хизматчи Исаев А.А.
  • навбатдориоперативи хизматчи Злобин А.П.  

Баъди ташкил шудани Вазорати ҳолатҳои фавқулодда (1999) бо ҷорӣ шудани воҳидҳои кории ҳарбӣ кормандони ҳарбии зерин хизмат намуданд:

  • афсари Лаборатория- капитан Муродов А.-  
  • афсари Лаборатория-лейтенантИгамов А.Ф.
  • афсари Лаборатория -лейтенант  Стотский Д.Ф.
  • афсари Лаборатория -лейтенанти калон Ҳоҷиева Г.А.
  • ичрокунандаи масъул- прапоршик Набиева Р.А.
  • иҷрокунандаи масъул- прапоршик Хусравова Ш.Х.
  • муҳосиб –хазинадор- сержант Юсупова М.Т.
  • сардори гуруҳи молия-прапоршик Мирзоев О.С.
  • сардори гуруҳи молия-лейтенанти калон Давлатов Т.А.
  • афсари Лаборатория-капитан Фаткуллоева М.М.
  • афсари Лаборатория-лейтенант Бошиева Ф.
  • афсари Лаборатория-лейтенант Истомина М.
  • афсари Лаборатория –капитан Филимонова Л.М.

Холо дар Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвӣ ва радиометрӣ хизматчиёни ҳарбии зерин хизмат намуда истодаанд:

  • майор Стотский Д.Ф.-муовини сардор-сардори шўъба;
  • капитан Палавонова Г.Г. –афсари шўъба;
  • капитан Назаров Ш.С. – сардори гур.ҳи молия;
  • лейтенанти хурд Ифтихори Асматулло –афсари ш.ъба;
  • прапоршик Кабиров С.М. -дастурдиҳанда оиди нақлиёт.

         Шуъбаи кимиёвӣ ва радиометрии Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвӣ ва радиометрӣ барои гузаронидани таҳлилҳои кимиёвӣ ва радиометрӣ доир ба муайянсозии маводҳои радиоактив, моддаҳои зудтаъсир ва дигар моддаҳои заҳролудкунанда ҳамчунин дараҷабандӣ ва таъмири асбобҳои дозиметрию радиометрӣ ва назорати лаборатории воситаҳои муҳофизатии фардӣ хизмат мекунад. Дар давоми солҳои 1999-2003 аз тарафи мутахассисони лаборатория маълумотҳо оиди асбобҳои дорои манбаъҳои радиоактив, ки дар корхонаҳои ҷумҳурӣ истифода бурда мешуданд ва дар ягон ҷой ба кайд гирифта нашуда буданд, ҷамъоварӣ карда шуда, баъдан санҷишҳо гузаронида шуданд. Дар асоси ин санҷишҳо картотекаи маълумотӣ ташкил карда шуда, танзими онҳо ба роҳ монда шуд.

Ҳамчунон аз соли 2003 сар карда бо дохил шудани ҷумҳурӣ ба Оҷонсии байналмиллал оид ба энергияи ҳаставӣ(МАГАТЭ)лаборатория аз кӯмаки ин ташкилоти бонуфуз бебаҳра  намонд. Аз тарафи ин ташкилот бо воситаи лоиҳаҳои махсус якчанд  асбобҳои дозиметрию радиометрии ҳозиразамон, ки ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, ба мо фиристонида шуда, чандин маротиба курсҳои омузишӣ ва семинару машваратҳои корӣ ташкил карда шуд. Бо  ёрии ин асбобҳо кори лаборатория  хеле пеш рафт. Ин буд, ки зиёда аз хазор манбаъҳои радиоактивии бесоҳибмонда пайдо карда шуда, ба Маркази дафни партобаҳои радиоактив супорида шуданд.


Нуктаи безараргардонии начотдихандагон ва мачрухшудагон,
ки баъди садамахои кимиёви ва радиатсиони аз ин нукта
истифода мебаранд.

Дар якҷоягӣ бо Агентии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон манбаъҳои радиоактивии боқимондаи коршоям, ки дар ташкилоту муассисахои ҷумҳурӣ истифода шуда истодаанд, ба кайд гирифта шуда, рақамгузорӣ гардиданд. Ҳамаи маълумотҳо дар реестри давлатӣ дароварда шуда, таҳти назорати доимии ҳам Кумита ва ҳам Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ қарор доранд.

Баъди дохил шудани ҷумҳурӣ ба Ташкилот оид ба манъи силоҳи кимиёвӣ (ОЗХО) дар солҳои 2004-2005 мутахассисони мо ва мутахассисони ситодҳои вилоятиву шаҳрӣ дар семинарҳо ва курсҳои омӯзишӣ, ки аз тарафи ин ташкилот гузаронида шуд иштирок намуда, дониши касбии худро қавӣ намуданд. Мутахассисони Лаборатория таҷрибаи азхуднамударо дар фаъолияти худ истифода намуда ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо бо мутахассисони шабакаи дидбонӣ ва назорати лабораторӣ инчунин ба мутахассисони ситодҳои вилоятиву шаҳрӣ ва иншоотҳои иқтисодӣ омӯзониданд. Афсарони Лаборатория иншоотҳои хатарноки кимиёвӣ ва иншоотҳои дорои манбаъхои  радиоактивро назорат намуда, ҳангоми ҷавобгунабудан ба талаботҳо пешниҳодот пешкаш намуда рафти бартараф намудани камбудиҳоро ба назорат мегиранд. Инчунин дар сурати ба амал омадани садама дар бартараф намудани рафъи оқибатҳои он иштирок меварзанд.


Нуктаи безараргардонии сару либос

Чунин ҳолатҳо дар пойгоҳҳои обтаъминкунии шаҳри Душанбе (соли 1999), дар комбинати шири шаҳри Душанбе (соли 2007), корхонаи коркарди г.шти шаҳри Душанбе (соли 2000) бо ихроҷи хлор ва аммиак, дар назди бинои фурудгоҳи ҳавоии шаҳри Душанбе (соли 2005), дар партовгоҳи кӯчаи Гоголи шаҳри Душанбе (соли 2009), якчанд маротиба дар хонаҳои истиқоматии сокинони шахри Душанбе (солхои 2008-2013), дар бинои Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (соли 2014) бо паҳн гардидани симоб, дар партовгоҳи кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе (соли 2006), дар корхонаи маъдантозакунии Анзоб (соли 2006), якчанд маротиба дар ҳудуди шаҳри Душанбе (солхои 2007-2013), дар партовгохи шахри Душанбе (апрели соли 2011) ба садамаҳои радиатсионӣ ба амал омада буданд, ки мутахассисон ин ҳолатхоро бартараф намуданд.

Мутахассисони Лабораторияи чумхуриявии кимиёвӣ ва радиометрӣ дар ҳамаи чорабиниҳои хифзи радиатсионию кимиёвӣ, ки дар ҷумҳурӣ баргузор мегарданд, ширкаткунандаи асосии он мебошанд. Аз ҷумла машқхои махсус ва семинару конфронсҳо, инчунин курсҳои омӯзишӣ ва баланд бардоштани савияи дониш, ки дар он афсарони ситодҳо ва қисмҳои ҳарбии Кумита иштирок менамоянд, афсарони Лаборатория ширкаткунандаи фаъоли онҳоянд.

Дар ҳолати ҳозира дар баробари иктишофи кимиёвӣ, гирифтани намунаҳои ҳаво, хок, об, қисми болоии маводҳои гуногун барои муайян намудани баҳодиҳии зарари партобҳои зарарнок, ки таъсири онҳо дар кадом сатҳ аст, гузаронида мешавад. Ҳамчунин аз тарафи мутахассисон ҷиҳати муайян намудани сатҳи радиатсия дар маҳалу иншоотҳо дозиметрия гузаронида, хулосаи мутахассис пешниҳод карда мешавад, ки баҳри бехатарии аҳолӣ ва ҳудуд  равона гардидааст.

барчасп: