Бориши барф қатъ шуд, аммо хатари тарма рафъ нашуд. Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон

Ба назар мерасад бориши барф барои рӯзҳои оянда қатъ шуд ва тибқи иттилои Агентии ҳавосанҷии кишвар имрӯз дар сар то сари мамлакат ҳаво тағйирёбанда, вале бебориш аст. Сардтарин нуқтаи кишвар ҳамоно Булункул аст, ки рӯзона аз 18 то 20 ва шабона аз 38 то 40 дараҷа сард мешавад.

Тибқи иттилоъи ҳамин манбаъ ҳарорати ҳаво дар кулли манотиқи мамлакат тақрибан гариму сардии якхела доранд. 

Гарм шудани ҳаво маъмулан сабабгори об шудани барфҳо мешаванд ва хавфи лағзиши тармаро бештар мекунанд. Гузашта аз ин сардиҳои шабона сабабгори ях бастани барфҳои обшуда мешаванд. Аз ин рӯ ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар ин рӯзҳои бебориш бо хатарҳое ҳамроҳ аст ва аз ронандагон эҳтиёткории бештар мехоҳад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷаҳон эҳтиром аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар сафарҳои худ бо роҳҳои тармахези кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Қабл аз ҳаракат мошинҳои худро бисанҷанд, чархҳои кӯҳнаро бо нав иваз кунанд.

Зимистон худ қоидаҳои махсуси ҳаракат дар роҳҳои пурбарфу ях дорад, ки яке аз онҳо риояи масофа миёни мошинҳост. Боло набурдани суръати ҳаракат низ як шарти таъмини бехтарии шумост.

Эҳтиёт кунед ва ҷони худ ва ҳамсафарони худро аз ҳар гуна хатарҳо эмин нигоҳ доред. Равиши бомарому оҳиста гарави аввали ҳифзи саломатии шумост!

барчасп: