Тамринҳои омодабош ҷиҳати пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар Шаҳринав

Мудофиаи гражданӣ омодагии кофӣ мехоҳад ва бахусус дар ҳамин шабу рӯзе, ки зимистон дар мекӯбад ва барфу борон омехта ба ҳам меборанд, хатари офатҳои табиии эҳтимолӣ ҳам зиёд аст. Нерӯҳо ва воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора барои омодагӣ ба ҳар ҳолати эҳтимолӣ дар тамринанд. Ҳамин гуна як машқи тактикӣ ахиран дар ноҳияи Шаҳринав гузашт.

Дар ноҳияи Шаҳринав бо ибтикори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ ҷиҳати омодагии зернизоми ҳудудии муассисаи манзилию коммуналии ноҳия гузашт.

Ин чорабинӣ бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои асосии ноҳия оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи ҳолатҳои фавқлодда дар соли 2019 ва иҷрои амри раиси ноҳияи Шаҳринав ва нақшаву чорабиниҳои КҲФ баргузор шуд.

Дар хабаре, ки аз бахши ноҳиявии КҲФ расид, гуфта мешавад, ки   машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ дар мавзуъи «Амали нерўҳои ғайриҳарбӣ ҳангоми бартарафсозии боришоти барфи сахт бо оғози эълони бонги «Ҷамъ шавед!» доир гардид.

Чорабинии мазкур бо оғози эълони бонги «Ҷамъ шавед!» субҳи 11.01.2019 соати 0700 шуруъ гардид ва  нерўҳои ғайриҳарбии муассиса дар ҳудуди муассиса бо қувва ва воситаҳояшон ҷамъ омаданд.

Дар чорабинӣ 29 нафар коргарону хизматчиёне, ки шомили нерўҳои ғайриҳарбии муассиса мебошанд, гирди ҳам омаданд.

Ҳамзамон 4 адад техника дар ин чорабинӣ ҷалб гардид. 

барчасп: