Семинари омӯзишӣ-таълимӣ барои директорони мактабҳои Душанбе

Дар Маркази таълимӣ-методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муодфиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои 24 нафар директорони муассисаҳои таъимии пойтахт семинар баргузор шуд.

Чорабинӣ бо мақсади татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе  № 851 аз 28 декабри соли 2018  «Дар бораи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда ва Нақшаи маркази омӯзишӣ-методии Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе” ва дар доираи барномаҳои омӯзишии такмили шаклҳо ва усулҳои асосҳои бехатарӣ дар мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ роҳандозӣ шуд. 

Масъулини мудофиаи гражданӣ дар мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ начандон ҷиддӣ ва бе таваҷҷӯҳи хоса ба ин масъалаҳо расидагӣ мекунанд. Дар вақти семинар миёни баъзе директорони мактабҳо дар ин мавзуъ баҳсҳои гарме гузашт.

Бо назардошти ин дар ҷараёни семинар масъалаҳо дар бораи он ки ҳуҷҷатҳои мудофиаи гражданиро чӣ гуна бояд таҳия намуд, масоили ҳимояи аҳолӣ ва қаламрав аз ҳолатҳои фавқулоддаро баррасӣ карданд. 

Дар рӯзҳои мо фаҳмиши “мудофиаи гражданӣ” кайҳо ба як рамзи маҳз даврониҷангӣ табдил шудааст. Дар айни замон мудофиаи гражданӣ масъалаҳои иҷтимоиро оид ба таъмини бехатарӣ ва зиндагии аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногениро ҳалл мекунад. 

барчасп: