Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Ҳалокати 9 нафар лижаронҳо дар Олмону Австрия бар асари резиши барфи зиёд

Барфи азим дар қаламрави Австрия ва Олмон сабабгори ҳалокати 9 нафар шудааст. Инҳо асосан лижаронҳое будаанд, ки дар манотиқи кӯҳии ин ду кишвар лижаронӣ мекардаанд. Дар ин бора ахиран хабаргузории “Минск-Новости” истинодан ба  Bild хабар додааст.

Ҳавои номусоид дар қисмати аврпуоии сайёра бино ба гуфтаи обуҳавсанҷон то охири ҳафтаи ҷорӣ идома мекунад. Дар Австрия ҳукуматдорон маҷбур шудаанд  шаҳраки истироҳативу тафреҳии Хохкарро аз бими лағзиши тармаву ярч кӯчонанд.

Нашрияи  DerStandard  хабар додааст, ки зарфи як шабонарӯзи гузашта дар манотиқи мухталифи кишвар то 80 см барф борид. Бар асари резиши шадиди барф ҳолатҳои қатъи нерӯи барқ дар хонаҳои мардум ва корхонаву муассисаҳо ба қайд гирифта шудааст. 

Дар ҷануби Олмон, бахусус дар Алпи Бовария вазъ хатарбортар аст. Обуҳавосанҷон гуфтаанд, ки баландии барф дар ин маҳалҳо болотар аз 2 метр аст. Ва ин ҳатто метавонад баъзе иншоотҳоро ҳам хароб кунад.

барчасп: