Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунед!

Аз боришҳои шадид дар минтақаҳои кӯҳии кишвар хатари омадани тарма, сангрезиш афзудааст ва вазъ дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Сангвор, Хоруғ-Ишкошим мушкил ва хатарзо боқӣ мемонад. Чунончӣ, шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошими ВМУБ, ҳамчунин ноҳияи Сангвор лағзиши тарма ва резиши санг ба қайд гирифта шудааст.

Барои тоза кардани роҳҳо хадамоти роҳи вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо кардааст ва корҳои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.  

Барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳои зимистон ва расонидани кӯмакҳои фаврӣ дар қитъаҳои гуногуни роҳ наҷотдиҳандагони воҳидҳои вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навбатдорӣ мекунанд.  Ин тадбирҳо барои коҳиши хатари офатҳо дар роҳҳои мошингард дар лаҳзаҳои пурбориш ва таҳдиди хавфи тарма муфиданд. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад аз сафарҳои нозарур бо роҳҳои кӯҳӣ  дар ин рӯзҳо худдорӣ кунанд, сафар аз тариқи роҳҳои душворгузари кӯҳиро муваққатан мавқуф гузоранд ва ҷони худу ҳамроҳони худро дар хатар наяндозанд. Ва агар зарурати ин сафар бошад, пас хеле эҳтиёткор ва зираку ҳушёр бошанд. 

Ёдовар мешавем ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда ва ё ягон ҳодисаи нохӯш дар роҳҳои мошингард шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои зерин ба навбатдорони фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг зананд:

93 880 28 19;
221-91-19;
223-13-11.

барчасп: