Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Ҳалокати ҳудудан 30 нафар тиллоҷӯёни афғон бар асари фурӯравии кони тилло дар вилояти Бадахшон

Хабаргузориҳои Афғонистон аз ҳалокати 30 нафар тиллоҷӯёни афғон дар як кони тилло воқеъ дар ноҳияи Кӯҳистони вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бадахшон иттилоъ додаанд. Ин хабаргузориҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки 12 тани дигар шадидан захмӣ шудаанд.

Бар асари фурӯ рафтани кон дар вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистони Бадахшони Афғонистон ҳудудан 30 нафар ба ҳалокат расиданд.  Ин ҳодиса субҳи рӯзи якшанбе рух дод ва бино ба гузоришҳои расмӣ наздик ба 30 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки фоҷеа дар ноҳияи Кӯҳистон рух дод ва дар ин ҷо одамон ғайриқонунӣ ба ковиши тилло машғул будаанд. 30 нафар тиллоҷӯён ҳалок шудаву 12 тани дигар захм бардошаанд,- хабар дод ахиран «Афганистан.ру».

Намояндаи ҳукумати вилоят ба ВВС гуфтааст, ки дар айни замон 7 нафар аз ҷумлаи зарардидагон дар бемористон бистарӣ карда шудаанд ва дар маҳалли ҳодиса корҳои наҷот идома доранд. Вай ҳамчунин иброз доштааст, ки дар ин минтақа солҳост, ки мардум бе назорати давлатӣ ба корҳои истихроҷи тилло машғуланд. Вале ҳоло давлат тасмим гирифтааст, ки ба ҷабрдигаон кумакҳои молӣ ирсол кунад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки вилояти Бадахшони Афғонистон дар гирдоби барфи азим мондаву иртиботи наздик ба 12 ноҳияи он аз маркази вилоят канда шудааст.

Аммо дар ҳамин ҳол намояндагони департаменти мубориза бо оқибатҳои офатҳои табиии Афғониситон гуфтаанд, ки аҳолии ин навоҳӣ дорои захираҳои кофии маводи сӯхт ва либосҳои гарманд.

барчасп: