Сели харобиовар дар ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ

Бар асари сели азим дар ҷамоати деҳоти Анзоб, деҳаи Марзичи ноҳияи Айнӣ 3 километр роҳ, як бунгоҳи тиббӣ, як иншооти ёрирасон, як пули одамгузар, ҳудудан 500 метр ҷӯйборҳои заминҳои кишоварзӣ ва дарахтони зиёди мевадиҳанда зарар диданд.
Ин сел 5-уми июл бар асари об шудани барфи куҳҳо ва резиши бесобиқаи борон омад.
Ҳамчунин бар асари фаромадани сангҳои калонҳаҷм роҳи обрави дарёи Яғноб маҳкам шуда, пули даромадгоҳи деҳа зери об мондааст.
Барои бартараф намудани сангҳо корҳои таркишӣ оғоз ёфта, идома доранд.
Дар айни замон дар ҷойи ҳодисаи комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият мекунад ва зарари расида омӯхтаву чораҳои бартараф кардани оқибатҳои ин офати табиӣ андешида мешавад. 

барчасп: