Шумори ҳалокшудагон дар бинои фурӯрафтаи Магнитогорск ба 37 нафар расид

Ҷустуҷӯву кофтукови одамони зери бинои аз таркиш фурӯрафта дар шаҳри Магнитогорск идома дорад. То ҳол 43 нафар аз зери ғарами оҳану бетон ва деворҳои фурӯрафта берун оварда шудаанд ва як шаҳрванди Тоҷикистон низ зинда аз ин бино берун шудааст. Кофтукови чор шаҳрванди кишвар ҳамоно идома дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфи ду рӯзи охир бо Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия дар вилояти Челябинск дар иртиботи ҳамешагӣ қарор дорад. Ва дар сурати дарёфти хабар фавран иттилоъ хоҳад дод.

 Бино ба охирин маълумот, ки сомонаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия интишор додааст, аз хонаи бар асари таркиш фурӯрафтаи Магнитогорск 43 нафар берун оварда шудаанд, ки 37 нафари онҳо ба ҳалокат расидагонанд. Аз ҷумла 6 нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Шаш тан, аз ҷумла ду кӯдак наҷот дода шудаанд. Ҳамаи зарардидагон ба бемористонҳо интиқол ва бистарӣ крада шудаанд. 

То кунун ҷойи 4 нафар аз бошандагон маълум нест ва бино ба навиштаи манбаъ кофтуков шабонарӯзӣ идома дорад ва дар 4 баст фаъол аст. Наҷотдиҳандагон бо даст вайронаҳоро тоза мекунанд ва ҳам техникаи зиёд ҳам барои ин кор ҷалб шуда, ошёнаҳои болоӣ мавриди тафтиш қарор дода шудаанд.

Дар маҷмуъ барои ин кор 899 нафар одам, 217 техникаи гуногун машғуланд. Аз вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия 453 нафар ва 59 адад техника, аз ҷумла 3 чархбол ҷалб карда шудааст. 

Як нафар шаҳрванди Тоҷикистон Улфатов Шӯҳрат Муҳмадшоевич, соли таваллудаш 1992 наҷот дода шуда, ҳоло дар бемористони рақами 3 шарҳри Магнитогорск бистарӣ аст.

То кунун аз ҷойи чаҳор шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ин вайронахона муайян нест. Инҳо:

1. Исоева Радҷабмоҳ Раҷабалиевна , с.т. 1994;
2. Улфатов Аҳмадҷон Шӯҳратович , с.т 2012;
3. Улфатова Фотима Шӯҳратовна,  с.т.2014;
4. Улфатов Муҳаммад Шӯҳратович, 2016.

 Рақами телефонҳо дар Русия барои иртибот ва дарёфти иттилоъ: вил. Челябинск  8-351-239-99-99, шумораи телефони федералии ВҲФ Русия: 8-800-775-97-77.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия дар вилояти Челябинск дар иртиботи ҳамешагӣ буда, дар сурати ба даст омадани иттилоъ дар мавриди сарнавишти шаҳрвандони Тоҷикистон фавран хабар хоҳад дод.

барчасп: