Эълони 11 куштаи инфиҷор дар биное дар шаҳри Магнитогорски Русия

Дар инфиҷори як хона дар шаҳри Магнитокорски Русия то ҳол аз ҳалокати 11 нафар хабар дода мешавад. Чанд тани дигар зинда, вале дар ҳоли вазнин берун оварда шудаанд. Дар миёни зиндаҳо тифлаки 11-моҳа низ будааст. Бино ба хабарҳо зери ин вайрона як хонаводаи тоҷик аз ҷумлаи муҳоҷирони корӣ низ ҳастанд, ки барои наҷоти солимашон аз ҳамвандон интизори дуоянд.

Аз  зери вайронаҳои як хонаи инфиҷорёфта аз таркиши газ дар шаҳри Магнитогорски Русия 11 ҷасад берун оварда шудааст. Теъдоди ҳалокшудагон ҳамоно номаълум аст. Мақомоти наҷот корҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти афроди зери вайрона мондаро идома медиҳанд.

Ин хона шаби 31-уми декабр бар асари инфиҷори таҷҳизоти газӣ ба харобазор табдил шудааст. Бино ба гузоришҳои расмии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар то кунун чанд нафар зинда берун оварда шудаанд ва дар бемористон бистарианд. Яке аз онҳо тифли 11-моҳа будааст. Табибон ҳоли аксари бистаришудагон дар бемористонҳоро вазнин арзёбӣ мекунанд.

Тоҷикон низ зери вайронаҳо мондаанд

Бино ба гузоришҳое, ки шабакаҳои иҷтимоӣ интишор додаанд, як хонаводаи тоҷик низ зери ин хонаи валангор мондааст ва аз сарнавишти онҳо иттилое дар даст нест. Журналисти тоҷик Завқибеки Сайидаминӣ бо интишор расмҳое хабар додааст, ки як модари 24-солаи тоҷик бо фарзандонаш Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Сайдмуҳсини 3-сола зери харобаҳои биное, ки ду рӯз пештар таркида буд, номаълум боқӣ мемонад. Журналисти тоҷик аз корбарони Фейсбук хостааст дар амри наҷоти ҳамватанон дасти дуо кушоянд.

Сайид Назриев, як тан корбарони Фейсбук низ навиштааст, ки ин оила аз пайвандони онҳост.  Яъне ҷиянамон аст ва ду рӯз боз мо тамоми наздикон чӣ дар Магнитагорск ва дар ин ҷо ҷигархунем. Додари калонии худам низ ду подъезд дуртар дар ҳамин хона зиндагӣ мекунад. Кӯдакони додарам низ ду рӯз боз дар ҳолати шоканд. Дуо мекунем, Худованд ҳамаи ҳамватанони моро нигаҳбон бошад. Чунин мусибатро бар сари ҳеч бандааш наёрад”.

То ин соатҳо, ки хабар таҳия мешуд, аз сарнавишти хонаводаи тоҷик ва дигар зери вайронаҳо мондагон иттилои бештаре дастрас нашуд.

Нигаронии Кумитаи тафтишот аз тафтишҳои баргузорнашудаи ҳолати интиқоли газ дар кишвараш

Сарвари Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бистрикин дар ҷараёни санҷиши вазъ ва ҳолати таркиш таваҷҷӯҳи мақомотро ба он ҷалб кардааст, ки дар Магнитогорск ҳолати истифодаи иншоот ва таҷҳизоти газӣ аз тафтишу санҷиш дур мондаанд. Вай суол кардааст: «Оё шумо бовар мекунед, ки вазъи ин хона дар биноҳои дигар нест?" Сабти видеоии суханронии Бистрикин дар ҷаласаи Магнитогорск ҳамин замон дар шабакаи  YouTube мечархад.

«Аз моҳи май ба инҷониб касе ба ин бино ҷиҳати тафтиши ҳолати истифодаи таҷҳизоти газӣ ворид нашудааст. Хуб агар гирем, ки тобистон одамон дар рухсатии меҳнатӣ буданд. Моҳҳои сентябр, октябр, ноябр чӣ?» — илова намуд вай. Ҳамзамон бо ин Сарвари кумитаи Тафтишоти Русия дар маҷмуъ аз ҳолати истифодаи таҷҳизоти газӣ дар сар то сари Русия изҳори нигаронӣ кардааст.

Ҳамчунин Кумитаи тафтишот дар аввалин изҳороти худ дар мавриди иллатҳои таркиш изҳор дошт, ки ҳеч маводи таркандаи дигар дар ҷараёни тафтишу санҷиши ҷойи ҳодиса пайдо нашуд, нишонаҳои он низ ба қайд гирифта нашудааст.

Владимир Путин дар маҳалли инфиҷор

Ҳамчуноне ишора рафт, ин ҳодиса соати 4.00 бо вақти Москав рух дод ва иллати инфиҷор гази табиӣ унвон шуд. Дар минтақаи инфиҷор 120 нафар мезистанд. Президенти Русия Владимир Путин фавран ба ҷойи ҳодиса рафт ва баъди он ки аз маҳалли инфиҷор дидан намуд, ҷаласаи изтирорӣ баргузор намуд ва ҳисоботи фаврии мақомоти дахлдорро шунид ва барои идомаи корҳои наҷот ва барқарорсозии бинои хароба дастурҳои заруриро ироа кард.

барчасп: