Тамошои дастаҷамъии филми мустанади “Марди роҳ” дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

19 декабри соли 2018 дар Дастгоҳи марказӣ ва дар ҳамаи воҳидҳои ҳудудии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои дастаҷамъии филми мустанади “Марди роҳ” доир гардид.

Ин филми мустанад ба ҳаёт ва фаъолиятҳои ибратбахши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.

Ҳадафи намоиши филми мустанади “Марди роҳ” омӯзиши таърихи ташаккули Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ аз тариқи ҷонфишониҳо ва заҳматҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

барчасп: