Вазъи обу ҳаво, шоҳроҳҳо ва ағбаҳо дар ҳудуди кишвар барои 12 декабри соли 2018

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 12 декабри соли равон дар ҳудуди кишвар ҳавои  тағйирёбандаи бебориш (ба истиснои ВМКБ) дар назар буда, дар бештари ноҳияҳои кӯҳӣ фаромадани туман дар назар аст.

Вазъияти  роҳҳо ва ағбаҳо:

Шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кулоб-Қалъаи–Хумб, Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Рашт-Лахш-Ҷумҳурии Қирғизистон, инчунин, ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак ва Фахробод кушода мебошанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ронандагон мерасонад, ки ҳангоми ҳаракат намудан дар роҳҳои кӯҳӣ барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуш қоидаҳои ҳаракати роҳ, суръат ва масофаи муайянгаштаро пурра риоя намоянд. Инчунин, хотиррасон менамоем, ки дар бештари ағбаҳо фаромадани туман ҳамоно боқӣ мемонад. Эҳтиёткор бошед!

 

 

барчасп: