Китоби нави Пешвои миллат: «Уфуқҳои Истиқлол»

Бо ҳамин ном китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр шуд. Дар сарсухан омадааст: “...вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати Тоҷикистон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид. Ин аст, ки зимни андешаронӣ аз сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллату давлати худ мо маҳз ибораи пурмазмуни “миллати куҳан ва давлати ҷавон”-ро ба кор мебарем, зеро достони ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти мо ва вазъияти имрӯзи мо ҳамин аст”.

Китоби «Уфуқҳои Истиқлол» сарсухан, панҷ боб ва охирсухан иборат аст. Боби аввали китоб “Истиқлолияти давлатӣ-марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон” ном дорад ва дар он сухан бештар дар бораи зина ба зина ва марҳала ба марҳала эҳё шудани давлати миллӣ ва таҳкими он сухан меравад.

Боби дуюм “Рушти иқтисоди Тоҷикистон ва дурнамои стратегии он” номида шудааст ва бештар масоили иқтисодӣ, стратегияи ояндаи он баҳс шудааст.

Дар боби сеюм масъалаи сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои он мавриди таҳлил қарор гирифтааст ва Пешвои миллат дар ин боб бештар аз дастовардҳои илм, маориф, тандурустӣ, муҳоҷират ва танзими он сухан рондаанд.

Дар боби чаҳорум сӯҳбат аз ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоист, ки дар меҳвари сиёсати дохилии давлат қарор гирифтааст. Дар ин боб бештар оид ба фарҳанг, забони давлатӣ, идораи давлатии замони Истиқлолият, мақоми зан дар ҷомеа, озодии виҷдон, танзими анъанаҳои миллӣ, озодии баён ва рушди матбуоти миллӣ, таъмини амнияти миллӣ сухан рафтааст.

Боби панҷум дарбаргирандаи масъалаи манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ ва мақом ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир аст.

Ва дар охирсхуан Эмомалӣ Раҳмон ба фардои дурахшони кишвари маҳбуб назар андохтаву  навишта: “Акнун давраи гузариш ба анҷом расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳалаи эҳёву барқарорсозӣ ба марҳалаи рушди устувор қадам гузоштааст. Албатта, дар ин марҳала низ мушкилоти ҷиддие пешорӯи мо хоҳад буд, вале бо вуҷуди ин мо тамоми шароит ва имкониятро барои ҳаракат ба сӯйи рушди устувор дорем. Муҳимтар аз ҳама, барои оғози чунин марҳалаи тақдирсоз ба боварӣ, эътимод ва иродаи қавии мардуми шарифи Тоҷикистони азиз такя менамоем”.

Китоби «Уфуқҳои Истиқлол»-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

 

барчасп: