Ба бачаҳо қоидаҳои бехатарӣ меомӯзем

Муҳтарам корбарони сомона! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи Шумо филмҳои омӯзишии аниматсионӣ барои бачаҳоро пешкаш мекунад. Ин филмҳо барои дарки воқеъияти хатар ва риояи техникаи бехатарӣ бештар муфиданд. Ҳангоми баррасии осеб дидани бачаҳо мо борҳо ин суолро матраҳ кардаем, ки чаро беш аз дигарон маҳз кӯдакон ба ҳодисаҳои нохӯш рӯ ба рӯ мегарданд?

Посухи ин суолро худи ҳаёт дод. На ҳамаи калонсолон медонанд, ки аз кадом синну сол бояд кӯдакро рафтори бехатар омӯхт ва чӣ бояд кард, ки тифлон зудтар ба дарки он расанд. Ва оё дар ҳақиқат ин корро бояд кард ё на? Баъзеҳо барои бачаҳо фаҳмонидани қоидаҳои бехатариро ба вақтҳои дигар вогузор мекунанд. Аммо наметавон ояндаро пешбинӣ кард ва ин “баъд” метавонад ҳатто фаро ҳам нарасад.

Мо бовар дорем, ки волидон наметавонанд бачаҳоро тани танҳо дар рӯ ба рӯ ба хатарҳои эҳтимолӣ гузоранд. Ва набояд фикр кард, ки бачаҳо худ мустақилона ин ҳамаро меомӯзанд. Мо ба Шумо, волидони азиз тавсия медиҳем, ки ба тифлонатон аз синни 2,2-3-солагӣ қоидаҳои бехатариро омӯзед. 

Усули хубтару таъсирбахштари омӯзиши бачаҳо овардани мисол аз ҳаёти худ, ҳамсоягон ё хешовандон аст ва ин муҳим нест мисол аз кист ва дар куҷо ин гуна ҳодиса рух додааст. Муҳим он аст, ки кӯдакон инро бо чашмони худ бубинанд ва тасаввур кунанд. Ва ҳоло ҳар хонавода имкон дорад ба бачаҳо филмҳои тасвирӣ намоиш диҳад ва хубтар он аст, ки якҷо бо бачаҳо тамошо кардаву онро баррасӣ кунанд.

Филми тасвирие, ки ҳоло пешкаш мешавад, аз ҳамкорону ҳамкасбони мо аз Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия гирифта шудааст ва ҳикоят аз он мекунад, ки агар дар хона калонсолон набошанд, бачаҳо чӣ бояд кунанд, то аз хатару рӯйдодҳои нохӯш эмин бимонанд.