Ёздаҳ моҳи фаъолиятҳои наҷот. Шарҳи хеле кутоҳ

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли равон чандин хатароти табиие чун сел, обхезӣ, тарма, бодҳои сарду шадид, ярч, заминларза, хушксолӣ, раъду барқ, сармо, резиши барфи тунд, гармои шадид ва ғайра рух доданд. 

Бино ба маълумоти фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфи 11 моҳи охир дар кишвар 165 ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта шудааст, ки 21 ҳолат ба хоҷагии халқи мамлакат зарари моддӣ расонд (соли 2017 879 ҳодисаи фавқулодда, ки 89 - тои он зарари моддӣ расонда буд).

Аз шумораи умумии ҳолатҳои фавқулоддаи ба қайдгирифташуда дар ин 11 моҳ 27 ҳолат заминларза (16%), резиши санг - 14 (8%), тарма-39 (24%), ярч - 6 (4%), сел - 49 (30%), афзоиши обҳои зеризаминӣ - 12 (7%), боди шадид 7 - (4%), туман -1 (1%), сармо-1 (1%), боронҳои селовар - 2 (1%), барфрезии шадид -1 (1%), раъду барқ - 3  (2%),  фурӯравии замин - 2  (1%) ва сӯхтори табиӣ-1 (1%) буд.

Аз офатҳои табиии ба қайдгирифташуда 52,3 дарсади онро селҳое ташкил дод, ки баҳори соли равон дар ноҳияҳои  Панҷ, Восеъ, Фархор, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ,  Балҷувони вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - Рӯдакӣ,  Файзобод ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд омада буд. Бодҳои шадид 4,8 дарсади ин ҳодисаҳоро ташкил доданд ва бештар дар ноҳяҳои Ашт ва Зафаробод, ҳамчунин шаҳри Хуҷанд ва Гулистони вилояти Суғд рух доданд.  19.% сангрезиш буд, ки дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳини  вилояти Хатлон ва Айнии вилояти Суғд рух додааст, 9.5% раъду барқ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба қайд гирифтаанд.

Зарфи 11 моҳи соли 2018 дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ 17 (соли 2017-31) нафар ҷони худро аз даст доданд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 54,8 дарсад камтар аст. Ин афрод бештар аз сангрезиш, сел,  ва барқ ҷон додаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар  муқоиса ба соли 2017 сатҳи рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ дар кишвар тамоил ба коҳиш доштааст.

Дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар ин ёздаҳ моҳ 1485 хонаҳои истиқоматӣ зарар диданд. Аз ҷумла, 1437 хона ҷузъан, 20 хона қисман ва 28 хона пурра вайрон шуданд. Ин ҳодиса дар ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Вахши вилояти Хатлон рух дод. Ҳамчунин дар ин рӯйдодҳо 78 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 21 муассисаи тиббӣ, 5 иншооти фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ, 46.186 км роҳ, 17 пул, 47,151 км хати интиқоли неоӯи барқ, 89,5 км хатҳои ҷӯйҳо ва каналҳои обёрикунанда ва 15,5 км селпартоҳо зарадиданд.

Ба оилаҳои зарардидаи ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Вахши вилояти Хатлон ёриҳои моддӣ ба сурати маводи сохтмон, маводи ғозоӣ, беҳдоштӣ ва бастаҳои хоҷагӣ тақсим карда шуд.

Ҳалокати одамон дар обҳо

Дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарии оббозӣ дар ин ёздаҳ моҳи соли равон дар рӯдхонаву кӯлҳои кишвар 118 нафар ба ҳалокат расидаанд (соли 2017 – 160 нафар), ки 45 нафари онҳо нафарони то  синни то 16-сола буданд. Наҷотдиҳандагони Кумита 50  нафарро  аз хатари ғарқ шудан наҷот додаанд. 

Корҳои садамавиву наҷот

Яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти Кумита роҳандозии корҳои садамавӣ ва наҷот мебошад. Зарфи 11 моҳи сипаришуда наҷотдиҳандагони Кумита дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ширкат намуда, корҳои наҷотро низ ҳамзамон анҷом додаанд. Дар ин муддат дар натиҷаи иштирок  дар 506 ҳодиса ҷони 148 нафарро аз хатар раҳо карданд.

 

барчасп: