Таъкиди Сафири Иттиҳодияи Аврупо ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ

Хонум Мэрилин Йосефсон- сарвари Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Рустам Назарзода ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар самти пешгирӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва коҳиши хатари офатҳо таъкид намуд. Хонум ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ин самт то кунун созанда ва муфид арзёбӣ кард ва гуфт, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт корҳои шоистаеро то ҳол анҷом додааст.

Мулоқоти  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо сарвари Намояндагии  Иттиҳодияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафир, хонум Мэрилин Йосефсон имрӯз, 5-уми декабр баргузор шуд.   

Дар оғози мулоқот Сарвари КҲФ ба меҳмон оид ба Кумита, сохторҳои он, ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Иттиҳодияи Аврупо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ маълумоти муфассал дод. 

Дар ҷараёни ин дидор ҳамчунин рушди минбаъдаи ҳамкориҳо оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин фаъолиятҳои якҷояи Кумита ва Иттиҳодияи Аврупо дар ин самт баррасӣ шуд. 

Раиси Кумита қайд намуд, ки тавсеаи муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо дар ин самт басо муҳим аст ва КҲФ ба ин масъала диққати басо ҷиддӣ медиҳад. 

Хонум Йосефсон иброз дошт  дар оянда низ дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИА  дар самтҳои ёдшуда талош хоҳад кард. 

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои барои ҷонибҳо дорои аҳамият табодули афкор сурат гирифт.