Баррасии як қатор лоиҳаҳо аз ҷониби Парлумони кишвар

28 ноябри соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ ва муҳокима гардиданд.

Аз он ҷумла, вакилони мардумӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон»-ро баррасӣ намуданд.

Лоиҳаҳои қонунҳои зикршуда бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати бартараф  намудани мухолифати байни онҳо, таҳия ва пешниҳод гардида буд.