Ҳамкориҳо бо кишварҳои ИДМ

Маълум аст, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз соли 1991 дар фазои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ фаъолият менамояд. Раванди фаъолияти ин созмон яксон набуда, ба масъалаҳои гуногуни иҷтимоию сиёсӣ рў ба рў гардидаистодааст. Айни замон коршиносон оид ба равандҳои ҳамгироӣ ва фаъолияти минбаъдаи созмони мазкур ақидаи гуногун доранд.
Гурўҳи коршиносон чунин меҳисобанд, ки байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил акнун муттамарказияти хос шурўъ гашта, давраи нави сифатан дигар дар муносибатҳои иштирокчиён оғоз мегардад. Созмони Иттиҳоди давлатҳои мустақил исбот карда истодааст, ки муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои аъзо ин идомаи мантиқии алоқаҳои даврони Шўравӣ мебошад.
Дар маҷмўъ, тавассути созишномаҳои бисёрҷониба механизмҳои иҷтимоӣ ва унсурҳои муҳими фазои ягонаи иқтисодӣ аз қабили: соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, нақлиёт, энергетика, пардохти нафақа ва кумакпулиҳо, ҳаракати озод бо маҳдудиятҳои нисбии молу хизматрасонӣ ва қувваи корӣ нигоҳ дошта шуданд.
Яке аз самтҳои ҳамкорӣ дар доираи ИДМ ҳамкориҳои муфид ва самарабахш дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ба шумор меравад. Дар ин асно аз чониби ҳукуматҳои давлатҳо-аъзоёни ИДМ «Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» дар таърихи 22 январи соли 1993 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус ба имзо расонида шуд. Дар асоси моддаи 9 Созишномаи мазкур ҷонибҳо Шўрои байнидавлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ таъсис дода, бо қарори Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ аз 24 сентябри соли 1993 «Низомнома дар бораи Шўрои байнидавлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» тасдиқ гардидааст.
Шўрои мазкур фаъолияти худро дар доираи Системаи байнидавлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ба роҳ монда, вазифаи асосиаш пешбурди сиёсати ҳамоҳангсоз дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар ИДМ мебошад.
Аз соли 2010 намояндаи ваколатдор дар Шўрои байнидавлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ муовини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Хушвахтов А.Ғ. таъин гардидааст.
Бо қарори Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ аз 20 ноябри соли 2009 ба Муассисаи давлатии федералии «Институти илмӣ-тадқиқотии умумироссиягӣ оид ба проблеммаҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россия мақоми ташкилоти заминавии давлатҳо-аъзоёни ИДМ дар соҳаи илм ва технологияҳои баланд оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда дода шуд. Ҳамзамон, дар заминаи ин Шўрои илмӣ-ҳамоҳангсози ташкилоти заминавии давлатҳо-аъзоёни ИДМ таъсис дода шуд.
Шўрои илмӣ-ҳамоҳангсози ташкилоти заминавии давлатҳо-аъзоёни ИДМ фаъолияти худро ҷиҳати ҳамоҳангсозии барномаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда равона менамояд.
Ба ҳайси намояндаи Шўрои илмӣ-ҳамоҳангсози ташкилоти заминавии давлатҳо-аъзоёни ИДМ аз соли 2009 сардори Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои техникӣ полковник Камолов Ҷ.Ҷ. таъин гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлисҳои Шўрои байнидавлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дар шаҳри Душанбе солҳои 1998 ва 2009 баргузор гардидаанд ва  қарорҳои муҳим барои рушди соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар рафти баргузории онҳо қабул гардидааст.
Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои Шўрои байнидавлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ҳар сол фаъолона иштирок намуда, оид ба масъалаҳои ҷоррӣ масъалагузорӣ менамоянд.
Тоҷикистон ҳамчун аъзои Созмони ИДМ бо ҳамаи кишварҳои аъзои Созмон дар самтҳои мухталиф ҳамкории мутақобилан судманд дорад, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулдодда  ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пешбарандаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда  мебошад , бо як қатор кишварҳои аъзои ИДМ Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.Аз ҷумла соли 1998 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оиди ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ба  имзо расонида шудааст, ки айни замон дар асоси ин Созишномаи мазкур афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи ҳифзи аҳолии Федератсияи Россия таҳсил намуда, баъди анҷоми таҳсил дар Тоҷикистон хизмат менамоянд.
Аз 4 июли соли 2006 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи огоҳсозӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи оқибатҳои он ба  имзо расонида шудааст.
Инчунин, Созишнома  байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи огоҳсозӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ки 28 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Дар доираи ҳамкориҳои ИДМ мутахассисони Кумита малакаи худро дар Институти тайёрӣ ва бозомузии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Белорус такмил дода, ҳар сол курсантҳои мо дар Институти муҳандисии он ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҲукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, (муҳофизат), огоҳсозӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда рўзи 27 майи соли 2013 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон аз тарафи Раиси Кумита генерал-полковник Абдураҳимов Х. С. ба имзо расонида шуд. Ҳамзамон, дар доираи ИДМ ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва расонидани кумакҳои башардустона ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда руз то руз вусъат меёбанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамкорӣ ва ҳамгиройии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил таърихи тўлонӣ дошта, дар давоми ин муддат кишварҳои номбурда ба  иттифоқчиёни наздики Тоҷикистон мубаддал гаштаанд. Ҳамин тавр, ҳамкориҳо дар соҳаисоҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда байни кишварҳои мо дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатӣ яке аз ҷанбаҳои муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб мераванд. Бо ҳам бастани чунин созишномаҳо худ инъикоскунандаи чунин ҳамкорӣ ва ҳамгиройии бардавоми байни давлатҳои мо маҳсуб ёфта, ба манфиатҳои кишварҳоямон ва дигар давлатҳои минтақа мусоидат хоҳад кард.
Новобаста аз мушкилот ва зиддиятҳои мавҷуда ИДМ фаъолияти худро идома дода истодааст. Зиёда аз он аз оғози ҳазораи нав бо назардошти тағйирёбии иқлими саёра, ба вуқуъ омадани офатҳои табии сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аз қабили боришоти аз меъёр зиёд, сел, обхезӣ, суннами, хушксолӣ ва дигар омилҳое ҳастанд, ки ҳеҷ як кишвар дар танҳои аз уҳдаи ҳалли онҳо баромада наметавонад. Бино бар ин Кумита ҳамчун пешбарандаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда робитаҳояш бо кишварҳои аъзои ИДМ нисбатан густариш ёфтаистодааст. Кишварҳои аъзо ИДМ дарк намуданд, ки бе ҳамгироӣ дар танҳои мушкилиҳои ҷойдоштаро ҳал карда наметавонанд ва танҳо дар якчоягӣ ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дастёб шудан мумкин аст. Бинобарин КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ оид ба масъалаҳои дар боло зикрёфта ҳамеша фаъол буда, иқдомҳои ҳамкориро оид ба ҳалли мушкилоти ҳолатҳои фавқулодда дастгирӣ менамояд.