Анҷоми ҳамоиши дурӯзаи омӯзишӣ-методӣ дар масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ

Ширкаткунандагони як мизи мудаввар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хостори табодули таҷриба дар мавриди ташкили гурӯҳҳои ихтиёрии наҷот дар кишвар шуданд. Ин мизи мудаввар, ки зарфи ду рӯз бо ширкати зумрае аз масъулин, мутахассисон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд, ташкили зерсистемаҳои дахлдор оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар сатҳи ҷамоатҳо ва амали гурӯҳҳои ихтиёрии наҷотро низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.

Бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии созмони байналмилалии «Оксфам» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади дурӯзаи омӯзишӣ-методӣ ва мизи мудаввар дар мавзуи “Чорабиниҳои ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд дар сатҳи шаҳракҳо ва деҳаҳо. Мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо” баргузор гардид. 

Дар чорабинӣ сардорони шуъбаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсатҳо ва шуъбаҳои КҲФ дар вилоятҳо ва шаҳрҳо, намояндагони як қатор ҷамоатҳо, аъзоёни фаъоли гурӯҳҳои ихтиёрии наҷот, ки дар сатҳи ҷамоатҳо ва деҳаҳо дар як қатор  ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ташкил карда шудаанд, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ширкат намуданд.   

Дар ҷараёни ҷаласа иштирокдорон оид ба тартиби ташкили зерсистемаҳои дахлдор оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар сатҳи ҷамоатҳо ва амали гурӯҳҳои ихтиёрии наҷот, ки дар сатҳои ҷамоту деҳаҳҳо созмон ёфтаанд, маълумот дарёфт карданд. 

Ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба офатҳои табиӣ дар давраи зимистон ва бунёди захираҳо ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, кӯчонидани аҳолӣ ба маконҳои амн аз мавзеъҳои хатарнок, бунёди хазинаи иншоотҳои мудофиавӣ ва таъмини бехатарии одамон дар маконҳои пурхатар баррасӣ гардиданд. 

Дар поёни чорабинӣ ширкаткунандагон пешниҳод карданд, ки оид ба ташкил  ва амали воҳидҳои наҷоти ихтиёрӣ дар сатҳи ҷамоатҳо, ҳамчунин омодагӣ ва омӯзиши шахсони масъули ҷамоатҳо дар доираи барномаҳои махсуси Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда табодули таҷриба роҳандозӣ шавад.

барчасп: