Дарси омӯзишӣ дар коллеҷи тибии шаҳри Бохтар

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ҷалби бештар аз 300 нафар донишомӯзон ва омӯзгорони коллеҷи тибии шаҳри Бохтар дарси мудофиаи гражданӣ гузарониданд.

Ин дарсҳо ва машғулиятҳо аз силсилаи омӯзишҳои ҳамешагиест, ки тибқи Нақшаи кории Кумита миёни аҳолӣ роҳандозӣ мешаванд.

Дар ин омӯзишҳо мутахассисони Кумита асосан дар бораи офатҳои табиие чун омадани сел, лағзиши тарма, ярч, заминралза ва ғайра маълумот доданд ва баъзе қоидаҳои бехатарӣ ва роҳҳои коҳиши хатари офатҳоро баён доштанд. Онҳо ба ҷамъомадагон ҳамчунин дар бораи сардиҳои зимистон, яхбандӣ, ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои пуряхи кӯҳӣ нақл краданд ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро фаҳмониданд.

Кормандони дастаи вокуниши сареъи Раёсат ба ширкаткунандагон дар бораи таҷҳизоти нави наҷот ва роҳҳои истифода аз он нақл карданд ва амалан онро нишон доданд.

Дар бахши дигар аз омӯзиш онҳо ба донишомӯзон роҳҳои наҷоти одамонро дар ҳолатҳои гуногуни фавқулодда, расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ ва ғайра нишон доданд.

Дар поёни ин мулоқот ба ширкаткунандагон дастурҳои методиву варақаҳо, ки мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ тайёр кардаанд, тақсим намуданд.

барчасп: