Аввалин ҷаласаи гурӯҳи РЕАКТ дар ВМКБ

Бо дастури Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – лейтеннат Р.Назарзода  таҳти раёсати Сардори Раёсати Кумита дар ВМКБ ва бо дастгирии Агентии Оғо Хон  оид ба макони зист аввалин  ҷаласаи Гурӯҳи вокуниши сареъ ва ҳамоҳангсозиҳо дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини  Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Имматшозода Анвар Имматшо, намояндагони вазоратҳо ва идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар қаламрави вилоят фаъолият мекунанд, ширкат намуданд. 

«Баргузории ин гуна корҳои мушатарак ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда сабабгори таҳияи механизмҳои  вокуниш ба офатҳо, ҳамкориҳо миёни идораҳои гуногун мешавад”,- қайд кард дар суханронии худ Анвар Иматшозода.

Дар ин нишаст муовинии сардори Раёсати байналмилалии КҲФ Фирӯза Турсунзода оид ба консепсияи кории гурӯҳи РЕАКТ, дар бораи қадамҳои аввалин ва нақшаҳо барои оянда маълумот пешниҳод намуда, ҳамчунин оид ба шакли ҳамкориҳои оянда мухтасар ибрози назар кард. 

Дар суханронии худ подполковник Н. Мираков ба созмонҳои байналмилалӣ, бахусус ба Агентии Оғо Хон оид ба макони зист барои дастгирӣ дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, ки дар қаламрави вилоят рух доданд, изҳори ташаккур намуд ва иштирокдорони нишастро бо вазъи вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят аз аввали соли равон шинос кард. 

Ҳадафи ҷаласа ташкили Гурӯҳ ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар ҳолати ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ  буд.

барчасп: