Баргузории ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи Миллӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Платформаи Миллӣ ва “Барномаи қолабии Сендай. Талаботҳои ин барномаи байналмилалии коҳиши хатари офатҳо аз тариқи Платформаи Милии кишвар оид ба коҳиши хатари офот чӣ гуна татбиқ мешавад? Ширкаткунадагони ҷаласаи гурӯҳи кории Платформаи Миллӣ атрофи ин ва чанд масъалаи дигар то зӯҳри имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба баҳс нишастанд.

18 октябри соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи доимамалкунандаи таҳлилгарони Платформаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд. 

Ин ҷаласа таҳти раёсати сардори Сарраёсати Кумита-котиби масъули Платформаи Миллӣ, полковник Ҷамшед Камолов гузашт. 

Дар ҷараёни ҷаласа талаботҳо ба ҳисоботи “Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар давраи солҳои 2015-2030” ва татбиқи он дар доираи Платформаи Миллӣ дар соли 2018 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин ширкаткунандагон лоиҳаи Нақшаи кории Платформаи Миллиро, ки қарор аст 24-уми октябр баргузор шавад, баррасӣ карданд.   

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо, ҳамчунин намояндагони Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. 

барчасп: