Омӯзишҳо омодагӣ дар ноҳияи Муъминобод

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар қаламрави ноҳияи Муъминобод тамринҳои маҷмуъӣ оид ба мудофиаи гражданӣ гузарониданд.

Ин тамринҳо муддати се рӯз дар мавзуъи “Амали ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартарафсозии офатҳои табиӣ ва истифодаи нерӯҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ” гузаштанд.  

Омӯзишҳо таҳти роҳбарии сардори мудофиаи гражданӣ-раиси ноҳияи Муъминобод бо ширкати бевоситаи кормандони масъули Раёсати КҲФ, намояндагони комиссияи мудофиаи гражданӣ, роҳбарои ҷамоатҳои ноҳия ва ҷалби аҳолии маҳаллӣ баргузор шуданд. 

Дар ҷараёни омӯзишҳо масъалаҳои омодагии мақомоти идории мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, нерӯҳо ва воситаҳо ба омадани сел, обхезӣ, заминларза ва интиқоли аҳолии ҷамоатҳо ва деҳаҳои ноҳияи Муъминобод баррасӣ шуданд. 

Дар рафти тамринҳо дараҷаи омодагии аҳолӣ дар ҳимоя аз сел, обхезӣ, заминҷунбӣ машқ карда шуда, тайёрии  нерӯҳо ва воситаҳои ноҳия дар бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ шуданд.

Ғайр аз ин ҳамаи иншоотҳои ҳимоявии мудофиаи гражданӣ ба ҳоли омодабош дароварда шуданд. Бо мувофақаи ҳокимияти иҷроияи маҳаллии ноҳия системаи хабардоркунии барвақтии аҳолӣ дар мавридҳои ҳолатҳои фавқулодда ва ё таҳдиди он санҷида шуданд, ҳамчунин баъзе корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ низ роҳандозӣ гаштанд. 

барчасп: