12-умин мусобиқоти бисёрҳарба миёни наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда оғоз шуд

12 –умин бозиҳои қаҳрамонии бисёрҳарба миёни воҳидҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Дар ин мусобиқот 7 даста аз ҷумлаи воҳидҳои наҷот ширкат мекунанд. Ба ҳайати ҳар тим наҷотдиҳандагони касбӣ дохиланд, ки бисёри онҳо дар кори бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда таҷрибаи калон доранд.

Зарфи се рӯзи оянда ширкаткунандагони мусобиқаҳо оид ба се дарси наҷот: “Роҳандозии корҳои ҷустуҷӯиву наҷот дар табиат”, “Корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар муҳити техногенӣ” ва “Ба роҳ мондани корҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти ғаввосӣ” аз санҷиш мегузаранд. 

Ҳар санҷиши нав дар нуқтаҳои махсуси омӯзишӣ мегузаранд. Чунончӣ, наҷотдиҳандагон малакаҳои худ оид ба бартарафсозии оқибатҳои садамаҳои автомобилӣ дар роҳҳо, рехтани маводи хатарнок ва садамаҳоро дар тамрингоҳи махсус намоиш медиҳанд. 

Барои ҷустуҷӯи “одамони гумшуда” ва “наҷоти ғарқшудагон дар об” гурӯҳҳо маҳорати худро дар ноҳияи Вазоб нишон медиҳанд.

Санҷиши омодагиҳои ғаввосии наҷотдиҳандагон дар кӯли Ҷавонон мегузарад. 

Ин мусобиқот то 7-уми октябри соли равон идома мекунад ва барномаи ҷамъбастии он бо эътои ҷоизаҳо ба ғолибону фаъолон дар ҳамин рӯз баргузор мешавад.

барчасп: