Activities calendar

30 апрели 2020

КҲФ огоҳ мекунад: боронҳои сахт дар назаранд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба иттилооти Агентии обуҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 5 майи соли 2020 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар шакли борону жоларезиҳои шадид ва раъду барқ боқӣ хоҳад монд. Санаи 4 май дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон вазиши шамол бо шиддати...

Идомаи корҳои поксозиву безараргардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар

Бо мақсади пешгирӣ аз густариши короновирус дар саросари кишвар корҳои беҳдоштӣ роҳандозӣ шуда, ҷойҳои пурҷамъият, нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо, дӯкону мағозаҳо бо маводҳои кимиёвӣ поккорӣ карда мешаванд.  Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти маҳаллии идорӣ дар роҳандозии корҳои санитарӣ кумак мерасонад.

Борони селосо дар Масчо

Борони шаби гузашта дар ҳудуди ҷамоатҳои Палдорак, Обшорон, Суғдиён ва Навбаҳори ноҳияи Масчо ба сели азим табдил шуд ва дар баъзе аз ин манотиқ ба ҳавлии шаҳрвандони ҳам дохил шуда, сабабгори баъзе харобкориҳо низ шудааст. Ҳамчунин пули даромади роҳи қисми ҳарбии  Ротаи алоҳидаи қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ин минтақаро шустааст.

80 зарбаи мушакӣ ба тани абрҳои жолазо дар фазои пурабри Ҳисор, Турсунзода ва Хуросон

Шаби пурбориши гузашта кормандони Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осмони пурабри ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Хуросон 80 мушаки зиддижолаи “Алазан 6” партов карданд ва дар маҷмуъ хавфи бориши жолаи вайронгар дар 25 минтақа бартараф шуд.