Activities calendar

28 марти 2019

Бонувони афғон дар Тоҷикистон шеваҳои наҷот дар ҳолатҳои фавқулодаро меомӯзанд

Дар доираи татбиқи Протоколи имзошуда оид ба таҳкими ҳамкориҳои наздимарзии омодагиҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2018 дар ҷараёни мулоқоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имзо шуда буд, дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии КҲФ аввалин давраи омӯзишӣ барои бонувони наҷотбахши Афғонистон ва Тоҷикистон оғоз гардид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулдодда ҳушдор медиҳад: Боришот метавонад сабабгори нохушиҳо шавад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғарқи оби канал шудани духтарчаи дусола ва беназоратии волидон изҳори нигаронӣ мекунад. Кумита ба ин назар аст, ки боришоти пайваста дар гӯшаву канори кишвар метавонад сабабгори рух задани ҳодисаҳои нохӯш шавад. Аввали баҳор рӯзҳои сербориши соланд ва шаҳрвандонро лозим аст дар чунин рӯзҳо хеле

Сели азим тайи чанд рӯзи ахир дар Эрон ҷони 39 нафарро рабуд

Сел ва обхезӣ дар Эрон муҷиби ҳалокати 39 нафар шуд. Ин омори талафот дар чандин вилояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Созмони пизишкии қонунии Эрон ахиран шумори ҳалокшудагон дар сели Эрон 39 нафар эълон кард. Меҳрдод Алибахшӣ – ҷонишини мудирияти  буҳрони Созмони пизишкии қонунии Эрон гуфтааст, ки 19 нафар дар шаҳри Шероз (вилояти Форс), як нафар дар вилояти Хузистон, панҷ нафар дар Гулистон, ду

Кумита озмун эълон мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Бонки Рушди Осиё  оид ба идораи офатҳои табиӣ дар сатҳи миллӣ барои харидории таҷҳизот ва воситаҳои нақлиётӣ дар асоси усули “шоппинг” озмун эълон мекунад.
Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 12-уми апрели соли 2019.

Ҳуҷҷатҳоро барои ширкат дар озмун ба суроғаи шаҳри