Activities calendar

11 марти 2019

Дар Тоҷикистон замин ларзид

Рўзи 11.03.2019 соати 13:44 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон замин такон хӯрд. Бино ба маълумоти идораи зилзиласанҷии кишвар маркази он 80 км шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 4 км дуртар  аз шаҳри Роғун мебошад.

Қувваи зилзила дар марказаш 3 балл, дар шаҳри Роғун 2-3 баллро ташкил дод.

Ҳалокати 19 корманди марбут ба СММ дар садамаи ҳавопаймо дар Эфиопия

Тибқи иттилои ҳанӯз комилан тайидношуда 19 корманди ниҳодҳои марбут ба Созмони Милали Муттаҳид дар садмаи ҳавопаймои Боинг 737 дар Эфиопия ба ҳалокат расиданд. Дар хабар гуфта мешавад, ки садмаи маргбор ҷони 157 нафар мусофирон ва сарнишинони ин ҳавопайморо рабуд. Дар ин бора рӯзи якшанбе Созмони байналмилалии муҳоҷират истинодан ба манбаъҳои худ хабар дод.

Мӯҳтарам кормандон ва собиқадорони воситаҳои ахбори омма ва матбааҳо!

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукуумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо ба муносибати иди касбиатон – Рӯзи матбуоти тоҷик самимона муборакбод мекунад.

Ҷашни матбуот одамони касбу корашон гуногун: журналистон, муҳаррирон, ноширон, кормандони маҷтамаҳои