Activities calendar

22 ноября 2018

Ширкати сарвари КҲФ дар Форуми аврупоӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо дар Рум

А 21 то 23 ноябри соли 2018 дар пойтахти Италия шаҳри Рум Форуми аврупоии коҳиши хатари офатҳои табиӣ мегузарад, ки дар он роҳбарон ва намояндагони идораҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании 55 кишвари Аврупо, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, ҳамчунин як қатор сармоягузорони калидӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд.
Форуми аврупоӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо идомаи кори

Оғози як давраи омӯзишии дигар барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Имрӯз, 22 ноябр дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиистон давраи омӯзишии серӯза дар мавзӯи «Омӯзиши барномаи GIS-технология» бо иштироки мутахассисони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд ва Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Кумита, ки аз ҷониби  коршиносони Бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон гузаронида мешавад, оғоз

Обу ҳавои имрӯз: барф дар доманакӯҳҳо, борон дар водиҳо, сардиҳои аввали зимистон

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 22-25 ноябри соли ҷорӣ  баъзе қисматҳои кишвар ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар баъзе ҳолатҳо боридани барфу борон дар назар аст.

Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеи марказ, доманакӯҳҳои  вилоятҳои Суғд, Хатлон ва дар ғарби ВМКБ