Activities calendar

23 январи 2018

Самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар Суғд мавриди омӯзиш қарор гирифт

Ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мулоқот бо намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократӣ дар ин вилоят самтҳои асосии Паёми Пешвои миллатро омӯхтанд.

Роҳандозии тамринҳои тактикӣ дар минтақаи Рашт

Наҷотбахшони воҳидҳои вокуниши сареъи Ситоди минтақаи Рашт дарси татктикии махсус оид ба коркарди амалҳо ҳангоми рӯйдодҳои имконпазир дар мавсими зимистон, аз ҷумла дар минтақаҳои хатарноки куҳиро баргузор карданд.

Ҳадафи ин тамринҳо такмили малакаҳои кормандони бахши наҷот дар гузаронидани корҳои ҷустуҷӯиву наҷот дар минтақаҳои куҳӣ ва коркарди амалҳои ҳамоҳангшуда ва хадамоти вокуниши фаврии системаи давлатии ҳифозати гражданӣ мебошад. 

Як қатор шаҳру ноҳияву деҳоти Хатлон тағйири ном карданд

Чанде аз номҳои ҷуғрофӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи худро дигар мекунанд. Рӯзи 20-уми январи соли равон ин қарор аз ҷониби Раиси Ҳукумати кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо ва барои барарсӣ ба Маҷлиси Олӣ ирсол шуд.

Фейсбукиён дар бораи фоҷеаи Шарора

Дар остонаи солгарди фоҷеаи Шарора ба чунин мазмун дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук муроҷиате навиштам ва ҳадаф ин буд, ки хотирапораҳо аз он фоҷеа гирдоварӣ шаванд.
Ёрони меҳрубони фейсбукӣ!
Фоҷиъаи Шаророра оё дар ёдҳо ҳаст? Оё ба хотир дорем, дар айни дамидани субҳ Шарораи дар хоби ноз ногаҳ биларзиду зери хок монд? Оё дар ёдамон ҳаст ки аз ин балои табиӣ танҳо як нафар дар ҳаёт монд онро ҳам исм