Activities calendar

16 июни 2017

Наҷоти шаҳрванди 22-солаи Қирғизистон дар ҳавзи оббозии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд

Ҷавони бистудусола, шаҳрванди Қирғизистон дар ҷойи мамнуъ шиноварӣ мекард ва чун дарунтар рафт, ҳисс кард, ки ғарқ мешавад.
Кормандони Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд ҷавонеро, ки дар ҳоли ғарқ шудан буд, наҷот доданд. Кормандони Кумита садо ва имои даъват ба наҷоти марди ношиносро мушоҳида карданд ва филҳол худро ба назди ӯ расонданд.

Гармо дар Хатлон. Ситоди ҳолатҳои фавқулодда вориди амал мешавад

Оббозӣ ҳам қоидаҳои худро дорад ва ҳар касе наметавонад, бояд аслан ҳаваси ворид шудан ба оби рӯдхонаву ҳавзҳои оббозиро надошта бошад.

Гармои шадиди тобистон зиндагиро дар шаҳрҳо ва рустоҳо ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад. Ҳарчанд дар ин минтақа гармо як ҳавои маъмулист ва одамон ҳамеша онро интизоранд, вале хабари болоравии ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои 16-18-уми июн