Activities calendar

07 феврали 2017

Амрико ба кӯмакҳояш дар таҳкими зарфиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда идома медиҳад

Сафири Амрико дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки кишвараш омода аст ба кӯмакҳояш ҷиҳати коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ идома диҳад.
7-уми феврали соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сафири Фавқулодда ва