Activities calendar

27 январи 2017

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар мавриди боришҳои рӯзҳои 28-30-уми январ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 28-ум то 30-уми январи соли равон дар қаламрави мамлакат бориш дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои куҳӣ барфи тар меборад, шамол бо суръати 15-20 м/с хоҳад вазид. Дар ағбаҳои туман мефарояд.
Вобаста ба ҳавои тағйирёбанда дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ

Фалокат бар асари заҳролудшавӣ бо гази карбон

Ихроҷи гази карбон аз бухорӣ модар ва фарзанди дар ғафлатмондаро ба ҳалокат расонд.
Дар деҳаи Дӯстии ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ шаби 25-ум ба 26-уми январи соли равон ду узви як оила – модар ва фарзандаш бар асари заҳролудшавӣ аз гази карбон ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилои пешакӣ ин ду тан аз ангишт ба гази карбон заҳролуд шудаанд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда...