Activities calendar

26 ноября 2016

Наҷоти одамон дар мошини «Opel Vectra», ки ба дарё сарнагун рафта буд

Бар асари роҳандозии амалиёти наҷот ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар шуд, ки аз мошини ба дарё рафтаи тамғаи «Opel Vectra» одамонро наҷот диҳанд. 
Сокини 27-солаи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва он ҳангоми ҳаракат ба дарё сарозер шуд.  Танҳо бар асари амали фаврии наҷоти кормандони бахши ҷустуҷӯӣ ва наҷоти Ситоди шаҳри Душанбе, ки зуд ба ҷойи ҳодиса расиданд, аз марги ронанда ва мусофирони он пешгирӣ шуд.