Activities calendar

08 ноября 2016

Раёсати корҳо ва нашрияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баъди барҳам хурдани Ситоди мудофиаи гражданин Ҷумҳурии Советии сотсиалистии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон  таҳти №400  аз 17 августи соли 1994  Кумитаи холатҳои фав­қулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, ҳамчун Раёсати корҳо фаъолият менамуд.

Раёсати ҳамкории байналмилаии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати ҳамкории байналмилалии Кумита, баҳри густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, дуҷонибаи байнисоҳавӣ ва байнидавлатӣ доир ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда кушишу ғайрат ба харҷ медиҳад.

Раёсати тиббӣ, комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ ва госпитали ҳарбӣ

Раёсати тиббии ҳарбӣ ва госпитали ҳарбии Кумита соли 1999 дар ошёнаи 4 – уми Дастгоҳи марказии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Раёсати тиббии ҳарбӣ ва госпитали ҳарбӣ то соли 2004 дар бинои Дастгоҳи марказӣ фаъолият намуда, баъдан госпитали ҳарбӣ дар деҳаи Чорякорони ноҳияи Рўдакӣ соҳиби бинои корӣ гардид. Бинои мазкур қисман таъмир карда шуда, барои фаъолияти ҳаррўзаи госпитал шароит фароҳам оварда шуд.