декабря 2019

Заминларза дар Тоҷикистон

Ҳамин лаҳзаҳо, аниқтараш рӯзи 20-уми декабр, соати 16:39 дақиқаи вақти Душанбе дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар аввалин дақиқаҳои он шабакаҳои иҷтимоӣ лабрези ин хабар шуданд.

Бино ба маълумоти Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон Маркази заминларза  246 километраи ҷанубу шимоли шаҳри

Барномаҳои рушди КҲФ қадам ба қадам. Бахши дуюм

Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» бо назардошти супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба такмили сохтори штатӣ ва Протоколи машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар Роғун

Дар шаҳри Роғун ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар соли 2019 ва вазифагузории соҳа  барои соли 2020 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, муовини Раиси комиссия - сардори Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Роғун, сардорони

Ҳаво дар Австралия то 46 дараҷа гарм шуд. Бешаҳо оташ мегиранд (Видео)

Маркази ҳавошиносии Австралия эълон кард, ки 17-уми декабри соли равон ин кишвар гармтарин рӯзро пушти сар гузошт. Дамои ҳаво тибқи ин гузориш ба то 40,9 дараҷа расид.  Аммо дар баъзе нуқоти кишвар ҳаво то 46 дараҷа гарм шуд. Дар гузориш омадааст, ки то кунун гармтарин дамо 7-уми январи соли 2013 буд. Он рӯз ҳаво дар ин кишвар 43 дараҷа гарм шуда буд.  Аммо ин манбаъ боз гуфтааст,

Хатмкардагони давраи омӯзиши забони англисӣ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросим супурдани шаҳодатномаҳо ба ширкаткунандагони давраи омӯзишии забони англисӣ баргузор шуд. 10 нафар хатмкардагони ин давраи омӯзишӣ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд. Ин давраи омӯзишӣ муддати чор моҳ идома дошт.

Созмондиҳандаи ин давраи омӯзишӣ Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Хатмкардагони давраи омӯзиширо аз номи роҳбарият ҷонишини раиси Кумита полковник М.Салимзода, ҳамчунин кормандони масъули Сафарати Ҳиндустон дар Тоҷикистон муборакбод карданд. 

Ҷамъбасти фаъолиятҳои яксолаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Шаҳринав

Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Шаҳринав бо баргузории ҷаласа фаъолияти яксолаи хударо ҷамъбаст намуд ва вазифаҳо дар соли 2020-ро муайян кард. Дар ин  ҷаласа Раиси Ҳукумати ноҳия – Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, аъзоёни комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаҳои коркарди регу шағал ва иншоотҳои

Шумори кушташудагон дар вулқони Зелландияи Нав ба 16 нафар расидааст

Пулиси Зелландияи нав ахиран иттило дод, ки як нафар аз гардишгарон, ки барои дармон пас аз фаввораи оташфишон дар бемористон бистарӣ шуда буд,  бар асари ҷароҳатҳои зиёд фавтид. Ҳамин тариқ шумори қурбониёни ин фаввораи оташи вулқон ба 16 нафар расид. Пулис номи ин нав фавткардаро эълон накардааст ва ҳамчунин гуфта нашудааст, ки аз кадом кишвар аст.

Мулоқоти генерал Назарзода бо ҳайати шахсии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо кормандони Раёсати КҲФ дар вилоят, роҳбарони шуъбаҳои КҲФ дар минтақаҳо мулоқот намуд.  Дар ҷараёни вохӯрӣ Сарвари Кумита ҳисоботи роҳбарони шуъбаҳо дар ноҳияҳои Исфара ва Конибодомро дар бораи вазъи

Баргузории ҷаласаи оғози татбиқи як тарҳи байналмилалӣ дар Душанбе

Дар доираи татбиқи лоиҳаи  «Асосҳои мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим дар деҳоти Тоҷикистон ва Қирғизистон” – и Ҷомеаи ҳамкориҳои бақналмилалии  GIZ, ки аз ҷониби Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ мешавад,  дар шаҳри Душанбе барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти лоиҳа ва таҳқиқотии

Ҷамъомади таълимӣ-методӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

13 декабри соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълими – методии “Чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва қаламрав аз ҳолатҳои фавқулода. Мушкилоти маавҷуда ва роҳҳои ҳалли он” баргузор шуд, ки дар он сардорони шуъбаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсатҳо ва шуъбаҳои КҲФ дар вилоятҳо, шаҳрҳо ширкат намуданд.

Наваскарон боз дар ду қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда савганди садоқат ёд карданд

13 декабри соли дар ду қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарон доир шуд.  Сарбозони ҷавон аввали моҳи ноябр ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буданд. Меҳмонони фахрии ин чорабиниҳои муҳими идона роҳбарони шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва

Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ чист?

Ин ниҳод дар сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар заминаи Нуқтаи идоракунии ҷумҳуриявии мудофиаи гражданӣ ташкил шудааст, ки соли 1993 ҳамчун Марказ, баъдан Раёсат ва Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва соли 2005 ба Маркази ҷумҳуриявии идораи мудофиаи граждании Кумита табдил дода шуда буд.

Страницы