феврали 2019

Вазъи роҳҳо барои 15 феврали соли 2019

Тавре ки қаблан хабар дода будем, дар натиҷаи боришоти шадиди барф дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Рашт - Лахш, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, инчунин дар ағбаи Қизил-Арт ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ  душворгузар буд.

15-уми феврали соли 2019 соати  05:40  субҳ дар қисмати роҳи автомобилгарди  Дарвоз-Ванҷ дар наздикии деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз тармафароӣ ба қайд гирифта шуда буд. Айни замон роҳи Дарвоз-Ванҷ пурра тоза гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ оғоз ёфтааст.

Моро дар “Дугонаҳо” бинед

Бонувон-кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори иҷрои вазифаҳои хидматии худ, аз ҷумлаи фаъолон дар корҳои ҷамъиятӣ, модарони меҳрубон ва соҳибхонаҳои дӯстдоштаанд. Исботи ин шикати басо фаъолонаи онҳо дар барномаи телевизионии “Дугонаҳо” буд, ки дар он на танҳо маҳорати касбии худ, балки фарҳанги рӯзгордории хешро низ ба намоиш гузоштанд.

Иштироки тими Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар мусобиқоти варзишӣ барои Ҷоми Вазорати мудофиа

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар мусобиқоти ҳарбӣ-варзишӣ барои Ҷоми Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Ин мусобиқаҳо бахшида ба 26-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд, ки дар он тимҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят ширкат меварзанд. 

Мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои варзиши мини-футбол, шатранҷ ва тирпароонӣ мегузаранд.

Хаймаҳои қолабӣ барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

14 феврали соли 2019 дар Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили 17 маҷмуъаи хаймаҳои қолабӣ баргузор шуд. Дар ин маросим Раиси КҲФ, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Сарвари Раёсати  Олии СММ дар умури паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вито Трани ва роҳбарони як қатор созмони байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат карданд.

ФАВРӢ: Вазъи роҳҳои кишвар имрӯз – 14 феврали соли 2019

Ронандаи мошин борбардоре, ки роҳҳоро аз тарма пок мекард, зери тарма монд ва ба ҳалокат расид. Барфи шадид ҳаракати мошинҳо дар Душанбе -Лахш, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб, ҳамчунин дар ағбаи Қизил-Артро ба мушкил рӯбарӯ кард. Бо мақсади таъмини бехатарии сокинон роҳҳои Варзоб-Айнӣ ва Шамсиддин Шоҳин-Дарвоз муваққатан баста шуданд.

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар 16-уми

“Фурӯғи субҳи доноӣ...”

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  интишор ёфт, ки тибқи он аз моҳи январ то моҳи декабр дар ҷумҳурӣ озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." дар чор давра баргузор мешавад. Дар он хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд. Номгӯи асарҳои даҳҳо шоиру нависандагон пешниҳод мешавад. Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби президент тӯҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад.

То 16-уми феврал хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад

Бар асари боришоти пайвастаи барфу борон дар ду рӯзи охир ва лағзиши тармаву резиши санг қитъаҳои гуногуни роҳҳои мошингарди Душанбе-Чаноқ ва Хоруғ-Ишкошим баста шуданд. Барои тоза кардани роҳҳо нерӯҳо ва воситаҳои техникии хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, бахши хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS), мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҷалб карда шудаанд.

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 16-уми феврали соли 2019 хатари лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад.

Гурбаи гумшудаи Ҷемма, бешазорони оташгирифта, селҳои азим ва барфрезиҳои шадид

Гӯшаву канори олам аз офатҳои табиӣ ранҷ мекашанд. Дар Австралия боронҳои шадад идома доранд. Ва дар гӯшаи дигари ин кишвар бешазорон месӯзанд. Дар Зеландияи Нав сӯхтори бесобиқаи ҷангал зарфи 60 соли охир идома дорад. Дар ИМА барфи зиёд муҷиби фалокатҳои бештар шудааст. Матлаби зер аз як гузориши ширкати телевизионии 24 ва манбаъҳои дигари хабарии олам аст, ки пешкаш мешавад.

Мулоқот бо намояндаи идораи зиддикоррупсионӣ дар Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд

Дар маҷлисгоҳи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  вохурӣ бо  намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд подполковник Зарифӣ Дилшод Неъматзода-сардори шуъбаи пешгирии Раёсати агентии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд  доир гардид.

Барфу борони рӯзҳои 13-14-уми феврал: Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Бино ба маълумоти Агентии  обу ҳавошиносии Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 14 феврали соли 2019 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоиду ноустувор боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ  бориши бошиддати борону барф дар назар аст.

13-уми феврал дар ноҳияҳои алоҳида шамол  аз самти ғарб

Терроризм зуҳуроти нав нест ва қувваҳои солимфикри ҷомеаро мебояд дар мубориза бо он муттаҳид шаванд

Терроризм ба инсоният дар ҳама давраҳои таърихӣ таҳдид мекард. Экстремизму терроризм ҳанӯз хеле барвақт ҳамчун мафҳум ба вуҷуд омадаанд. Дар асри I пеш аз милод дар бораи гурӯҳи сиёсии яҳудиён бо номи «зелотҳо», ки бо истифода аз террор барои худмухтории Фесалония ба муқобили римиҳо мубориза мебурданд, маълумот вуҷуд дорад. Дар солҳои 60-70 асри 1 мелодӣ  гурӯҳи мутаассибони дини яҳудия —  «сикориҳо» барои сарнагун намудани

Ҳалокати 10 варзишкори навраси «Фламенго» дар Рио-де Жанейро

Дар Рио-де-Жанейро маркази варзиши «Нино де Урубу», ки дар он  дастаи футболи «Фламенго» - яке аз калонтарин клубҳои футболи Бразилия тамрин мекард, оташ гирифт ва бар асари он 10 варзишкори ҷавон ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарии маҳаллӣ ҳамаи даҳ ҳалокшуда узви тими  ҷавонони ин дастаи машҳури футбол

Страницы