январи 2019

Суҳбат атрофи Паёми Пешвои миллат бо ширкати вакили парламон

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо вакили парламони кишвар, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Рустам Қудратов баргузор шуд. Ҳадаф аз ин мулоқот сӯҳбат дар атрофи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Эълони ҳолати фавқулодда дар Хабаровск

Дар кишвари Хабаровски Федератсияи Русия низоми ҳолати фавқулодда ҷорӣ шуд ва сабаби ин лағзиши пораи азими замин дар дарёи Бурея буд,-хабар медиҳад  ТААС. Ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки губернатори вилоят Сергей Фургал ахиран ин гуна дастурро имзо кардааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ярч ҷараёни оби дарёи Буреяро

Таркиш дар Мексика ҷони 20 нафарро рабуд

Бар асари инфиҷори қубури интиқоли бензин дар шаҳри Тлауелилпани Мексика 20 нафар ба ҳалокат расиданд ва бештар аз 60 нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳодиса рӯзи шанбе рух дод ва губернатори иёлоти Идалғо Умар Файёд аз аввалинҳо шуда хабарро аз тариқи саҳифаи худ дар Твиттер расонаӣ кард.

Ин таркиш дар канори корхонаи қандсозии  Tula рух дод. Дар

Мушкилоти ҳаракат дар роҳҳо. Муроҷиати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар

Рўзҳои 20-22 январи соли 2019 дар бисёр минтақаҳои кўҳӣ бориши зиёди барф дар назар аст, хавфи лағзиши тарма вуҷуд дорад. Резиши барф ҳаракати мошинҳоро дар шоҳроҳҳои Душанбе-Айнӣ, Душанбе - Лахш, Душанбе - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб, ағбаи Қизил-Арт ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. То рӯзи 20-уми январ 110 ҳолати лағзиши тарма  ба қайд гирифта шудааст. Рӯзи 20 январ дар километри 69 шоҳроҳи Душанбе-

Эмомалӣ Раҳмон ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” (Солномаи Пешвои миллат – 2018)

17.01.2019 09:57, шаҳри Душанбе

СИЁСАТИ ДОХИЛӢ

Соли 2018 миллати тамаддунофари тоҷик 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда таҷлил намуданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди ҷумҳурӣ таҳти

Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон дар ин рӯзҳои мушкил

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагоне, ки дар ҳамин рӯзҳои вазнину сахт сафар доранд, чанд тавсияро ҷиҳати таъмини бехатарӣ ироа мекунад:

- аввал дурустии мошинро санҷед, камбудиҳои онро ислоҳ намоед;
- мошинро бо маводи сӯхт комил таъмин кунед ва бо худ

Вазъи роҳҳои кишвар то соати 09:30 18 январи соли 2019

КҲФ вазъи роҳҳо дар кишвар то соати 09:30 18 январи соли 2019-ро пешкаш мекунад:

Душанбе-Хуҷанд - БОЗ АСТ!

Душанбе-Кӯлоб  - БОЗ АСТ!

Кӯлоб – Қалъаи Хумб - БОЗ АСТ!

Ду куштаву як захмӣ ва як гумшуда бар асари тарма дар роҳҳои кишвар

Ҳангоми роҳандозии корҳои бартарафсозии офати табиӣ ва тоза кардани роҳҳо аз барфтӯдаҳо дар километри 32-уми роҳи мошингради Хоруғ-Ишкошим дар наздикии Барҷир боркаше, ки дар он кормандони Раёсати роҳи ВМКБ савор буданд, зери тарма монд. Дар натиҷа ронанда бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуд ва сокинони 64 ва 40-солаи ноҳияи Ишкошим ба ҳалокат расиданд. Ҷасади ин ду нафар ба хешовандонашон таслим карда шуд.  Сокини рустои  Ҳафтрӯди ноҳияи Панҷекати вилояти Суғд зери тарма монд ва талошҳо барои наҷоти вай идома доранд.

Инфиҷор дар болои боми факултаи донишгоҳе, ки дар он 22 ҳазор нафар таҳсил мекунанд

Бар асари як силсила таркишҳо дар Донишгоҳи Лиони Фароса се нафар захмӣ шудаанд. Наҷотдиҳандагон фавран ҳамаи бошандагони биноро аз маҳалли офат хориҷ карданд.   Хабаргузории Reuters навишт, ки ин таркиш дар боми кампус рух додааст. Тибқи хабарҳои фаврӣ дар ин инфиҷорҳо се тан зарар дидаанд. Твиттери донишгоҳ ахиран навишт, ки ин се тан захмҳои сабук бардоштанд ва ба саломатии онҳо таъсире

Маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда оид ба ҳолати роҳҳои ҷумҳурӣ то соати 17:00-и рӯзи 16 январи соли 2019

Рӯзҳои 15-16 феврали соли 2019 боришоти пайваста дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб ва Рашт- Сангвор - Лахш – марзи Ҷумҳурии Қирғистон сабабгори лағзиши тарма шуданд. Аз ҷумла, дар километрҳои 334-344-363 ва 364 роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ дар қаламрави ноҳияи Дарвоз, дар километри 462 роҳи ноҳияи Ванҷ, километрҳои 566-574 ноҳияи Рӯшон, 559-594 ноҳияи Шуғнон тарма фаромад.

Хатари барфу борони пуршиддат ва лағзиши тармаву санг рафъ нашудааст

Бориши барфу борон дар манотиқи мухталифи кишвар ҳамоно идома дорад. Хатари лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ рафъ нашудааст. Муттаассифона, на ҳамаи сокинон ба ҳушдорҳои пайваста гӯш медиҳанд. Ҳамоно барои ҷамъоварии ҳезум ё шикор рафтаву ҷони худро дар хатар меандозанд. Рӯзи 20-уми январ дар кишвар ҳаво пурбориштар мешавад ва борону барфи омехта метавонанд ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро боз ҳам мушкилтар созанд.

Ҳалокати ду нафар бар асари лағзиши тарма. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда огоҳ мекунад: ҲУШЁР БОШЕД!

Тарма ду нафарро дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба комаш кашид. Онҳо ҳушдорҳоро нодида гирифтанд ва дар ҳамин ҳавои сарду боронӣ кӯҳ рафтанд, то ҳезум ҷамъ оваранд. Хатари лағзиши тарма дар кулли роҳҳои кӯҳии кишвар боқист. Танҳо эҳтиёт аст, ки инсонҳоро аз хатар наҷот медиҳад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки шаҳрвандон боз ҳам эҳтиёткор бошанд.

Страницы