ноября 2018

Тамошои дастаҷамъонаи маросими ботантанаи баркорандозии аввалин чархаи неругоҳи Роғун

16 ноябри соли 2018 дар Дастгоҳи марказӣ ва ҳамаи воҳидҳои вилоятиву ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати шахсӣ дастаҷамъона лазҳаҳои ба кор андохтани чархаи аввали Неругоҳи барқию обии Роғунро  тамошо карданд.

Рӯзи гузашта дар ҳаёти мардуми кишвар ҳодисаи

Чархаи аввали "Рогун" ба кор даромад! Ин рӯйдод ба кулли миллати азиз муборак бошад!

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони Роғун Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд.

Машқи мудофиаи гражданӣ дар бемористони марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Паҳн шудани бемориҳои сироятӣ низ хатаре ба амнияту саломатии мардум аст. Бахусус дар остонаи зимистон, ки маъмулан ҳаво тағйирёбанда аст ва сардиҳои хушк муҷиби афзоиши бемориҳое чун сармохӯрдагӣ мешаванд, табибон ва беморхонаҳо бояд бештар омода бошанд. Бо дарки масъулият дар назди бехатариву саломатии миллату мардум, кормандони Кумитаи ҳолатҳои

Таҳқиқи нури гамма ва тамаркузи симоб дар фазои муассисаҳои миёна ва томактабии шаҳри Душанбе

Мутахассисони озмоишгоҳи кимиёвӣ- радиометрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сатҳи нури гаммаи ба ҳаҷми радони фаъол эквивалент ва тамаркузи симоб дар фазои муассисаҳои томактатӣ ва таълимоти умумии шаҳри Душанберо санҷиданд.

Барои таҳқиқ аз ҳар ноҳияи пойтахт як муассисаи таълимоти умумӣ ва як муассисаи томактабӣ интихоб гардид. 

Озоиш нишон дод, ки дар муассисаҳои интихобшуда сатҳи нури гаммаи ба ҳаҷми радони фаъол эквивалент ва тамаркузи симоб дар фазо ба меъёр мувофиқат мекунад.

Ёздаҳ фазилати “Роғун” аз дидгоҳи дипломати тоҷик

Ба вуҷуд омадани баҳре дар майдони 70 километр, саҳнаест барои варзишҳои шиноварӣ, заврақронӣ ва амсоли он, инчунин имкониятест барои тавсеаи моҳипарварӣ, ташкили санаторияву истироҳатгоҳҳои соҳилӣ дар ҳавои тоза, ки дар як тараф кӯҳҳои сарсабз истодаанду дар дигар тараф баҳре бо оби ширину мусаффо. Илова бар он, баландии садди (плотинаи) “Роғун” 335 метр буда, он дар навъи худ (дар миёни

Анҷоми ҳамоиши дурӯзаи омӯзишӣ-методӣ дар масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ

Ширкаткунандагони як мизи мудаввар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хостори табодули таҷриба дар мавриди ташкили гурӯҳҳои ихтиёрии наҷот дар кишвар шуданд. Ин мизи мудаввар, ки зарфи ду рӯз бо ширкати зумрае аз масъулин, мутахассисон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд, ташкили зерсистемаҳои дахлдор оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар сатҳи ҷамоатҳо ва амали гурӯҳҳои ихтиёрии наҷотро низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.

ҶИНОЯТКОРОНИ НАҲЗАТӢ МАҲБУСИ СИЁСӢ НЕСТАНД

Расонаҳои наҳзатӣ дар мавриди бознигарии парвандаи иддае аз ҳаммаслакони ҷинояткорашон, ки даст ба ҷиноёти сангин зада, зиндонӣ шудаанд, маъракае ҳадафмандонаеро роҳандозӣ намудаанд. Ин дар ҳолест, ки  давоми се соли охир ҷинояткорони наҳзатии фирорӣ бо тамоми ҳастӣ кӯшиш доранд, то ҳаммаслакони худро аз адои ҷазо барои аъмоли зиддимиллӣ ва зидиинсониашон озод кунанд. 

Вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба як гузориши радиои “Озодӣ”

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вокуниш ба гузориши радиои “Озодӣ” дар мавриди ҳолати садамавӣ дар кӯчаи Зайнаббибии пойтахт хабар медиҳад, ки ин камбудӣ ҷой дорад. КВД “Обу корез” вазифадор шуд, ки бо иваз кардани қубурҳои фарсуда ҳолати садамавиро аз байн барад ва сокинонро аз ноамнии эҳтимолӣ раҳонад.

Мавзӯъ: Тағйирёбии иқлим, мутобиқшавии аҳолӣ ва таъсири он ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ

Яке аз мушкилоти ҷиддии асри XXI, ки аҳолии ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ин тағийрёбии иқлим мебошад. Тибқи пешгӯиҳо олимон аз руйи илми астрономия дар асри XX ин равандро мушоҳида карда буданд. Сабаби мушкилоти асосии сайёраи Заминро вобаста ба тағийрёбии иқлим аз равандҳои астрономӣ ва даврӣ  пешгӯӣ карда буданд. Ин раванде, ки ба вуқӯъ омода истодааст, аҳолии курраи Заминро дар ҳолати омодабош қарор дода, ба он тобовар

Санҷиши омодагиҳои ҳарбӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Омодагии ҳарбӣ як бахши муҳим барои ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аст. Сарбозони Ватан бояд ҳамеша омодаи иҷрои ҳар вазифа бошанд ва аз ин рӯ санҷишҳо ба хотири ошкор намудани камбудиҳо ва ислоҳи онҳо ва ҳамчунин боло бурдани рӯҳияи ҳарбии ҳайати шахсӣ заруранд.

Агар душман қасд дорад аз силоҳи заҳрогин истифода кунад...

Оре. Миллат ва мардум бояд ҳамеша омода бошад, ки душман дар камин аст ва агар ин душман мехоҳад аз силоҳе кор гирад, ки заҳролуд асту ба ҷони ҳазорон нафар таҳдид мекунад? Як вазифиа мудофиаи гражданӣ омодагӣ ба ҳамаи ҳолатҳоест, ки дар замони рӯёрӯи бо душман метавонанд пеш оянд. Ҳоло кишвари мо аз суботу амнияти комил бархӯрдор аст. Вале бояд ҳамеша ҳам ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда

Дарси омӯзишӣ дар коллеҷи тибии шаҳри Бохтар

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ҷалби бештар аз 300 нафар донишомӯзон ва омӯзгорони коллеҷи тибии шаҳри Бохтар дарси мудофиаи гражданӣ гузарониданд.

Ин дарсҳо ва машғулиятҳо аз силсилаи омӯзишҳои ҳамешагиест, ки тибқи Нақшаи кории Кумита миёни аҳолӣ

Страницы