августа 2018

Боздид аз кӯли Сарез

Дар доираи аввалин ҷаласаи байниидоравии коллегияи муштарки Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва муовини аввали вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон генерал-майор В.Қулдошев аз кӯли Сарез дидан карданд.

Ҳамоиши “Ҳолатҳо ва хатарҳои эҳтимолии фавқулоддаи алоқаманд ба канда шудани сарбандҳои кӯлҳои баландӯҳҳо” дар пойтахти кишвар

Субҳи имрӯз дар доираи баргузории ҷаласаи муштараки коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  “мизи мудаввар” дар мавзуъи “Ҳолатҳо ва хатарҳои эҳтимолии фавқулоддаи алоқаманд ба канда шудани сарбандҳои кӯлҳои баландӯҳҳо”  оғоз ба кор кард.

Поёни аввалин ҷаласаи муштараки коллегия ниҳодҳои наҷоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Ширкаткунандагони аввалин ҷаласаи коллегияи муштараки ниҳодҳои наҷоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва ҳамкориҳои наздимарзӣ таъкид карданд. Ин ҷаласаи муштарак дирӯз баъди зӯҳр баргузор шуд ва имрӯз аз субҳ “мизи мудаввар” дар мавзӯъи “Ҳолатҳо ва хатарҳои эҳтимолии фавқулоддаи алоқаманд ба канда шудани сарбандҳои кӯлҳои баландӯҳҳо”  оғоз ба кор кард.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи
ҳифзи иҷтимоии аҳолӣва зиёд намудани маоши
амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ,
кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ,
андозаи нафақа ва стипендия

Се нафар аз кӯҳнавардони садамадида ба Русия баргаштанд, ҳоли ду нафари дигар вахим гузориш шудааст

Тибқи охирин иттилоъ се нафар аз кӯҳнавардони дучори садамашуда аз ҷумлаи шаҳрвандони Русия, ки баъди наҷот дар бемористони Истиқлоли пойтахти кишвар бистарӣ буданд, субҳи имрӯз ба ватанашон баргаштанд. Дар бемористон нӯҳ нафари дигар боқӣ монданд.

Аз миёни ин нӯҳ нафар вазъи саломатии ду тани онҳо, як

Руйхати 15 нафар мусофирони чархболи суқуткарда

Тавре хабар дода будем, аз 18 нафар мусофирон ва халабонҳои чархболи рӯзи якшанбе суқуткарда дар поёноби пиряхи Фортамбек  риштаи ҳаёти панҷ нафар ба таври фоҷеанок канда шуд.

Аз миён се нафари онҳо кӯҳнавардон аз Федератсияи Русия буданд. Рӯйхати онҳоро дар зер меорем:
1. Дубин Виктор соли таваллудаш 1952, шаҳрванди Федератсияи Россия;

Хабари расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз рӯйдод бо чархболи Ми-8

Бар асари рӯйдоди баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбе дар поёноби пиряхи Фортамбек  ду нафар аз сарнишинони чархбол аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва се нафар кӯнавардон аз ҷумлаи шаҳрвандони Федератсияи Русия ба ҳалокат расидаанд. 12 кӯҳнавард ва яке аз сарнишинони чархбол бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шуданд.

Бо кӯҳнавардон иртибот барқарор шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар айни замон иртибот бо кӯҳнавардон барқарор шудааст.

Макони феъолии онҳо дақиқ карда мешавад.
Дар наздиктарин фурсат ба минтақаи офат аз фурудгоҳи Лахш чархболҳо бо кормандони наҷот парвоз хоҳанд кард.  

Хабари фаврӣ: бархӯрди чархболи Ми-8 бо 13 кӯҳнавард дар поёноби пиряхи Фортамбек

Соати 16:30 дақиқаи рӯзи 12-уми  августи соли равон   чархболи Ми-8, ки кӯҳнавардонро аз қуллаи И смоили Сомонӣ бармегардонд, дар поёноби пиряхи Фортамбек сахт ба замин нишаст. Бино ба хабарҳои аввалия ин чархбол замоне ба садама дучор шуд, ки кӯҳнавардонро баъди расидан ба қуллаи Исмоили Сомонӣ бармегардонд.

Ҳангоми рух додани ин ҳодиса  дар чархбол 13 нафар

Наҷоти марди сисола аз ноҳияи Панҷ, ки мехост дар Душанбе худкушӣ кунад

Марди сисолае, ки аз ноҳияи Панҷ омад ва хост худро дар Душанбе ба ҳалокат расонад, наҷот дода шуд. Вай болои хонаи навсохти 16-ошёна баромад ва дар як поси шаб хост ба ҳаёти худ поён диҳад. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо кормандони милитсияи маҳаллӣ ҷони ӯро наҷот доданд. Аммо суоли он ки чаро марди сисола қасд дошт иҷборӣ тарки олам

Барқияи Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

10.08.2018 19:06

Имрӯз Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқия ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ҳалокати 32 нафар ва наҷоти 57 нафар дар обҳои вилояти Суғд зарфи шаш моҳи охир

Зарфи шаш моҳи соли 2018 дар обҳои қаламрави вилояти Суғд 32 нафар ба ҳалокат расидаанд. Наҷотдиҳандагони дастаи зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят ҷони 57 нафарро аз марги эҳтимолӣ наҷот додаанд. Дар нимсолаи аввали соли 2017 дар вилоят 34 нафар ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда буданд.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи

Страницы