июли 2018

Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ҳолатҳои фавқулодда

20 – уми июли соли равон дар Кумитаи иҷроияи ИДМ ҷаласаи XXXI-уми Шӯрои байналмилалӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ баргузор шуд, ки дар он ҷонишини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Рустам Шоҳиён ширкат намуд.
Дар ин ҷаласа аъзои Шӯрои намояндагони давлатҳои ИДМ аз

ҲНИ. ҲИЗБЕ БО АФКОРУ АЪМОЛИ АҲРИМАНӢ

ТТЭ ҲНИ аз замони зуҳури хеш то имрӯз ҳеҷ гоҳ бо роҳи ором ва осоишта муборизаи сиёсиро дар миён нагузоштааст. Ҳамеша ё бо роҳи террори ақидатӣ ё аз роҳи ҷангу хунрезӣ барои расидан ба ҳадафи хеш кӯшиш намудааст. Омилу сабабгори  асосии ҷанг дар солҳои 90-уми асри гузашта ҳамин навъ идеологияи ҷангӣ ва террористии ТТЭ  ҲНИ буд, ки сабаби марги 150 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар гардид.

Садамаҳои марговар: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон ҳушдор медиҳад!

Ҳар рӯз аз тариқи расонаҳои хабарии кишвар чандин хабар аз садамаҳое мехонем, ки дар гӯшаву канори мамлакат иттифоқ афтода, сабабгори марги одамон шудаанд. Танҳо мурур ба сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ кофист, ки манзараҳои даҳшатро тасаввур кунем.

Чунончӣ, субҳи бармаҳали 16-уми июли соли 2018 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, соли таваллудаш 1986

Машварати корӣ дар вилояти Суғд

Ҷиҳати амалисозии Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда  дар соли 2018,  ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда боз соҳиби техникаи нави ҷустуҷӯ ва наҷот шуд

18 июли соли ҷорӣ воҳидҳои вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби таҷҳизоти нави нави ҷустуҷӯиву наҷот шуданд.

Таҳвили техника дар доираи татбиқи минбаъдаи Ёддошти тафоҳуми имзошуда дар моҳи майи соли 2017 миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди

Гарморо чӣ гуна метавон пушти сар кард? Тавсияҳои КҲФ

Ҳавои гарм ва беш аз ҳадди интизор тоқатфарсо зиндагии одамонро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад. Мо ҳоло мебинед, ки соат ба 10 субҳ наздик нашуда, вале дар дар кӯчаву хиёбонҳо гашутугузор кардан амалан номумкин аст. Дар ҳоли гармо хатаре, ки бештар ба одамон таҳдид мекунад, ин баланд шудани ҳарорати бадан болотар аз ҳадди меъёри маъмулист (37,0°С). Барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш Кумитаи ҳолатҳои

Пешгирӣ аз хатар ва суҳбатҳо дар лагерҳои истироҳатии кудакону наврасон

Фасли тобистон - фасли оббозиву шиноварист. Фаслест, ки имрӯзҳо тамоми сокинони кишварро ба оббозӣ намудан даъват менамояд.

Бо мақсади таъмини амнияти бехатарии сокинони кишвар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум, дидору  мулоқотҳо баргузор

Омӯзишҳои маҷмӯъии мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ҳисор

Тибқи нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2018 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Ҳисор тамрини маҷмуъии мудофиаи гражанӣ баргузор намуданд.
Ин тамрин се рӯз идома дошт ва мавзуъи он “Амали

АҚЛИ БЕГОНА МАҒЗҲОИ ТИҲИИ НАҲЗАТИЁНРО БА БОЗӢ МЕКАШАД

Бесаводию гумроҳии аъзои ТТЭ ҲНИ роҳ сӯйи ҷаҳолату таассуб аст. Зеро калла аз наҳзатиҳо буда, ақл аз дигарон мебошад. Ва ин ақли бегона бо тақдири онҳо бозӣ дошта, мағзи аз ақл тиҳиро қурбони бозиҳои сиёсии худ мекунад. Чунки ҷони нодон ҳамеша дар азоб аст. Ғайр аз ин, ҳар он ки дар ҳаёт пайравии бешууронаро бар дигарон пеша мегирад, мусалламан роҳаш аз оғоз пойбанд бар иштибоҳ асту рӯ бар шикаст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти нимсолаи худро ҷамъбаст кард

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба таҳкими назорат дар махзанҳои об дар ин фасли оббозиву шиноварӣ таъкид кард. Вай  аз ҷумла гуфт: “Ба мо зарур аст ҳама корро анҷом диҳем, то ки бехатарии одамон таъмин шавад, бахусус кӯдакон дар амну осоиш бошанд ва аз марги онҳо дар обҳо пешгирӣ бояд кард”.

Наҷоти ҷавоне, ки мехост худкушӣ кунад

Кормандони наҷот дар вилояти Суғд ин бор ҷавони нуздаҳсолаеро аз марг наҷот доданд, ки қасд дошт худкушӣ кунад. Сабабҳо ин амал ва омилҳое, ки ҷавонро ба худкушӣ тела доданд, маълум нест.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар махзанҳои оби кишвар навбатдории шабонарӯзии кормандони бахши наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Акихито

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Акихито барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Аълоҳазрат,        
Хабари рух додани офатҳои табиӣ дар натиҷаи боришот дар

Страницы