майи 2018

Талошҳо вобаста ба масоили об оқибатҳои фалокатборро ҷилавгирӣ менамояд

Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 26-соли соҳибистиқлолӣ дар миқёси ҷаҳон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯ ва эътибори хоса пайдо намуд. Маҳз бо кору пайкори Пешвои миллат тоҷикон тавонистанд, ки дар заминаи арзишҳои умумимиллӣ ва таърихӣ аз нав ба ҳам омада, дар роҳи созандагӣ қадамҳои устувор гузоранд.

Маҷмуи чорабиниҳои вобаста ба бартарафсозии омадани сел

Таи чанд руз охир бороноҳои пайдарпай, ки дар баъзе аз ноҳияҳои мамлакат ҳукмфармост, баландшавии сатҳи оби дарёҳо шуда, сабабгори омадани сел гаштанд.

Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Файзобод сатҳи оби дарёҳо баланд гашта, миқдори зиёди сангу лой роҳи автомобилгардро баста, баъзе аз деворҳои иншоотҳои ёрирасони аҳолиро шуста, қисман майдонҳои наздиҳавлигии

КҲФ озмун эълон менамояд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи дизайн ва омода намудани нишони сарисинагии навбатдорони КҲФ озмун эълон мекунад. Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо то 15 майи соли  2018. Оид ба гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Лоҳутӣ, 26 муроҷиат намоед.Телефон барои тамос (+992 37)  221-91-19, 223-13-11.

Кормандони Кумита чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳодисаҳои нохуш дар обанборҳо баргузор намуданд

Бо мақсади ташкили чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунандаи ҳодисаҳои нохуш дар обанборҳои мамлакат то оғози мавсими оббозӣ, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар масҷидҳои шаҳри Бохтар бо имом-хатибон ва намозгузорон оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ дар назди обанборҳо ва дохили он вохурӣ баргузор намуданд.

Кумита огоҳ мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон дар шабонарузи охир дар ҷумҳурӣ тағйирёбии обу ҳаво дар назар дошта шудааст. Дар бисёр минтақаҳо боришоти борон, сел, дар ноҳияҳои баландкуҳ бошад, барф меборад. Хатари осеб дидан аз раъду барқ, омадани сел ва сангрезиш хеле баланд мегардад.

Страницы