майи 2018

Санҷиши соҳилҳои оббозӣ ва истироҳати тобистона

Бо фаро расидани мавсими гармо одамон ҳарчӣ бештар ба соҳили дарёҳо, ҳавзу кулҳои шиноварӣ мераванд, то соатҳои фориғ аз ташвишҳои рӯзгорро бо истироҳату фароғат пушти сар кунанд. Камтар аз як моҳ мондааст то он замоне, ки тафреҳгоҳҳои шиновариву истироҳатӣ ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Ин аст, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қабл аз оғоз ҳолати омодабошии онҳоро месанҷанд.

Ҳалокати ду писарбача аз боди шадид дар ноҳияи Вахш

Боди шадиди рӯзҳои охир дар баъзе минтақаҳои кишвар ба хоҷагиҳо зарар расонд. Дар ноҳияи Вахш ду ноболиғ, ки дар саҳро чорво мечарониданд, бар асари чаппа шудани новаҳое, ки паси онҳо паноҳ бурда буданд, ба ҳалокат расиданд. Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда аз падару модарон ва калонсолон бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад: КӮДАКОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД!
6 – уми майи соли 2018 боронҳои пай дар пай сабабгори

Рӯйдодҳои олам: Сӯхторҳои ҳалокатбор, ҳамлаи заррофа ба инсон, таркиши конҳо дар Покистон

Инҳо номгӯи ҳамагӣ чанд хабаранд, ки зарфи ин як шабонарӯзи охир дар олам гузашта. Дар вилояти  Ширнаки Туркия 12 хонандаи синфҳои болоии мактаб аз раъду барқ зарар диданд. Бино ба гузориши хабаргузории Daily Sabah чароғак ба дарахте бархӯрд, ки хонандагон ҳангоми сайругашт зери он аз борон паноҳ бурда буданд. Мошини ёрии таъҷилӣ ба ҷойи ҳодиса омад, аз талафоти ҷонӣ хабаре интишор

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи бахши ҳамгироии Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ЭКОСОС)

Аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷаласаи бахши ҳамгироии Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОС) баргузор гардид, ки дар кори он вазирон ва роњбарони маќомоти дахлдор, намояндагони парлумон ва шаҳрдорон, намояндагони Низоми СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи иҷтимоӣ ширкат варзиданд.
Ҷаласаи баландпоя ба мавзӯи “Ҷамъиятҳои инноватсионӣ:

Иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”

04.05.2018 10:00, шаҳри Душанбе
4 майи соли 2018 дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.

Дар кори конфронс муовини Дабири кулли Созмони Милали

Дар Кумита вохӯрӣ бо намояндагони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”

04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе
Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!

Муҳтарам Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо!
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар оғоз ҳамаи шумо ва ҳайати ҳамроҳатонро ба диёри

Масъалаҳои омодасозӣ ва тақвият додани донишу малакаҳои кӯдакон дар самти пешгирии ҳодисаҳои нохуш баррасӣ гаштанд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳаи пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар назди обанборҳо ва ҳолатҳои ғарқшавӣ, расонидани ёрии аввалия ва риояи қоидаҳои бехатарӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии миёнаи ҷумҳурӣ  корҳои фаҳмондадиҳиро идома дода истодаанд.

Ҳамин тавр, мутахассиони Кумита дар байни толибилмон ва

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ. ДУ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶАҲОНИ МУОСИР

Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид карда, зиндагии осудаи сокинони сайёраро зери хатар гузоштааст. Ҳарчанд барои решакан кардани ин падидаи номатлуб тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ мубориза бурда истодаанд, аммо хатари он то рафт печидатар мешавад.
Хатари таҳдиди марг, носолим гардондани вазъи ҷомеа,

Талошҳо вобаста ба масоили об оқибатҳои фалокатборро ҷилавгирӣ менамояд

Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 26-соли соҳибистиқлолӣ дар миқёси ҷаҳон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯ ва эътибори хоса пайдо намуд. Маҳз бо кору пайкори Пешвои миллат тоҷикон тавонистанд, ки дар заминаи арзишҳои умумимиллӣ ва таърихӣ аз нав ба ҳам омада, дар роҳи созандагӣ қадамҳои устувор гузоранд.

Маҷмуи чорабиниҳои вобаста ба бартарафсозии омадани сел

Таи чанд руз охир бороноҳои пайдарпай, ки дар баъзе аз ноҳияҳои мамлакат ҳукмфармост, баландшавии сатҳи оби дарёҳо шуда, сабабгори омадани сел гаштанд.

Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Файзобод сатҳи оби дарёҳо баланд гашта, миқдори зиёди сангу лой роҳи автомобилгардро баста, баъзе аз деворҳои иншоотҳои ёрирасони аҳолиро шуста, қисман майдонҳои наздиҳавлигии

КҲФ озмун эълон менамояд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи дизайн ва омода намудани нишони сарисинагии навбатдорони КҲФ озмун эълон мекунад. Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо то 15 майи соли  2018. Оид ба гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Лоҳутӣ, 26 муроҷиат намоед.Телефон барои тамос (+992 37)  221-91-19, 223-13-11.

Страницы