феврали 2018

Соли гузашта 170 нафар сокинони кишвар дар оби рӯдхонаву кӯлҳо ғарқ шудаанд

Теъдоди ғарқи об шудаву ҳалокшудагон дар қиёс ба як соли пеш 32 нафар афзудааст. Соли 2017 дар оби рӯдхонаҳо, кӯлҳо ва ҳавзҳо 170 нафар шаҳрвандони кишвар бо сабабҳои гуногун ғарқ ва ба ҳалокат расидаанд. 75 нафари дигар ҳангоми ғарқ шудан аз ҷониби кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда наҷот дода шудаанд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании

Кумакҳои фазояндаи давлат ба зарардидагони офатҳои табиӣ дар кишвар

Дар соли 2016 Комиссияи давлатии Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда бо дастгирии молиявии Агентӣ оид ба захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони ноҳияҳои Дарвоз ВМКБ ва Лахш ба маблағи 3 млн. 195 ҳазору 636 сомонӣ кумакҳо, аз ҷумла маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмон, хаймаҳо ва дигар молҳои ниёзи ҳаррӯза ҷудо кард, ки  бо воситаи техникаи КҲФ ба зарардидагону

Соли гузашта бар асари ҳодисаҳои табиӣ 31 нафар ҷони хударо аз даст додаанд

Соли 2017 дар қаламрави Тоҷикистон 883 ҳолат ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумлаи ин ҳодисот 720 ҳолат ба лағзиши тарма иртибот дошт. 41 маротиба сел омадааст, 32 маврид болоравии сатҳи оби дарёҳо ба қайд гирифта шудааст. Дар кишвар тӯли ин як сол 33 ҳодисаи заминларза сабт шудааст, ки баъзе аз он харобиҳо ба дунбол дошт. 21 маврид резиши санг ва 23 маврид ярч ба қайд гирифта шудааст.

Наҷотдиҳандагони минтақаи Рашт роҳҳои мошингардро зери назорат гирифтаанд

Барфи ахиран борида дар қаламрави кишвар метавонад ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои куҳиро ба мушкил рӯ ба рӯ кунад. Хатари садамаҳо ва ё рӯйдодҳи дигари ба он монанд зиёд аст. Бахусус, яхбандиҳои шабона сабабгори ҳар гуна нохӯшиҳо шуда метавонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар баъзе манотиқи ноҳияҳои Сангвор ва Нуробод баландии барф 15-20 сантиметр мебошад.
Ба хотири таъмини бехатарӣ дар роҳи Душанбе-Рашт-Лахш

Панҷоҳу чор мавзеи хавфнок дар 38 деҳаҳои ноҳияи Лахш

Дар 38 деҳаи ноҳияи Лахш 54 мавзеъҳои хавфнок мавҷуданд, ки дар он 428 хоҷагӣ ҳастанд. Теъдоди аҳолии зери минтақаи хатар дар ин 38 деҳа - 2166 нафар аст.

Аз ҷумла, 3 мавзеъ бо 23 хоҷагӣ дар ҷамоати шаҳраки Ваҳдат, 5 мавзеъ бо 47 хоҷагӣ дар ҷамоати деҳоти Пилдон, 9 мавзеъ дар ҷамоати деҳоти Ҷиргатол

Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)"

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур иборат аз инҳо мебошад:

- ҳимояи ҳуқуқу озодии инсон, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини ягонагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди

Тамрини тактикии наҷоти зери тармамондагон дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ

Дастаи зудамали наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тамрини тактикӣ оид ба расонидани кумак ба зарардидагон дар ҳоли фаромадани тарма баргузор намуд.

Ҳадафи роҳандозии ин тамрин такмили малакаҳои касбии

Ифротгароӣ-вабои аср

Масъалаи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳу созмонҳои ифротгаро яке аз масъалаҳои мубрам мебошад. Идеологияи экстремистӣ, ки ҳоло бо роҳу воситаҳои гуногун фаъол гардидааст, метавонад ҷавононро ба коми худ кашида, кишварро ноором созаду ба ваҳдати миллӣ ва амнияти мамлакати соҳибистиқлоламон таҳдид намояд.

Мафҳуми ифротгароиро ҳамчун истилоҳи сиёсӣ

Идомаи корҳои соҳилбандӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон

соҳилбандӣ

Бо мақсади таъмини омодагиҳои лозим ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ аз офатҳои табии эҳтимолӣ ва таъмини бехатарии иншоотҳо аз сел, коҳиши сатҳи обҳои зеризаминӣ ва коҳиши хатарот аз ярч кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ширкат мекунанд.