январи 2018

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда одамонро аз ҷарии 150 метр берун оварданд

Суръати баланди мошин ҳангоми ҳаракат дар роҳи куҳӣ муҷиби фурӯ рафтани он ба ҷарӣ шуд, ки дар натиҷа як зани 68-сола ба ҳалокат расид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо бонизом бошанд ва фосиларо ҷиддан риоя кунанд, ҷони худ ва ҷони ҳамсафарони худро ба хатар наяндозанд.
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва

Роҳандозии корҳои соҳилбандиву чорабиниҳои пешгирикунанда дар вилояти Хатлон

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон бо роҳандозии як силсила корҳои пешгирикунанда аз офот ба хотири ҷилавгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ ҳамзамон бо мардум дар бораи роҳҳои кам кардани хатарҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ суҳбатҳои хоса анҷом доданд.

Бо мақсади баргузории чорабиниҳои зиддисел, ҳимояи аҳолӣ

Рӯйдоди олам: сӯхторҳо, заминларза, садамаҳои маргбор

Субҳи имрӯз расонаҳои олам аз чандин рӯйдоди фақулодда хабар хабар доданд. Аз ҷумла, лағзиши тарма ва ҳалокати одамон дар Калифорния, ҳамлаи леопард ба тифли дусола, такони замин дар Гондурас, сӯхтори ҳалокатбор дар Тюмен, барфи шадид дар кишварҳои Амрикову Аврупо, бодҳои харобиовар ва роҳҳои пурхавфи куҳӣ дар дигар манотиқи олам аз ҷумлаи ин хабарҳо буданд.

Тамрини наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон

Будан дар сафи наҷотдиҳандагон ин эътирофи одамон аст, эътирофе, ки ҳаёт ва амнияти инсонҳо ва раҳоии онҳо аз ҳар гуна хатарҳо назар ба ҳаёти шахсӣ дар аввалият қарор мегирад. Он касе наҷотбахш дониста мешавад, ки ҷони худро ба хотири наҷоти дигарон дар хатар мегузорад.  Ва ин вазифа аст, вазифаи ифтихорӣ, вазифае, ки бо як ҷасорат дили ҳазоронро ба даст орад ва барои созмон ё ниҳодаш обрӯ оварад.

Резиши санг дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ як нафарро кушт ва се тани дигар ҷароҳат бардоштанд

Боришоти ду рӯзи охир сабабгори резиши санг дар километри 225 – уми роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ шуд. Сангрезиш рӯзи 8-уми январи соли равон дар минтақаи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон рух дод. Бар асари зери санг мондани мошини “Старекс” ронанда ҳалок ва се мусофираш бо ҷароҳатҳо бистарӣ шудаанд.
Ба хотири роҳандозии корҳои поксозии роҳ аз сангу рег роҳ

Ифротгароӣ ва мусибатҳои хонаводагӣ

Ифрот ва ифротгароӣ аз ҷумлаи мавзуъҳое мебошанд, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи дарсҳои тарбиявӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Наметавонад дигар хел ҳам бошад. Ифротгароӣ падидаест, ки метавонад кишварро бесубот гардонад. Бахсус, ҷалби ҷавонону наврасон ба гуруҳҳои ифротӣ хеле хатарнок аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд

Аз аввали соли 2017 воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 203 нафарро (соли 2016 – 137 нафар) наҷот дода, ба бештар аз 600 тан зарардидагон ҳангоми офатҳои табиӣ кумак расондаанд. Бо ёрии техникаи махсуси Кумита ба аҳолии осебдида маводҳои сохтмонӣ расонида шуданд ва барои роҳандозии корҳои соҳилбандӣ маблағи бештар аз 5 миллион сомонӣ сарф

АЗ ПАЁМ

Тибқи маълумот аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудааст, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад.

Бо дарназардошти чунин вазъ, Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро ҷиддӣ

Ҳаводиси олам: тӯфони маргбори Фаронса ва бархӯрди ҳавопаймоҳо дар Торонто

Дар як шабонарӯз дар олам садҳо ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки фавқулоддаанд. Бахусус, зимистони сарду пурбарф аллакай аз аввалин қурбониёнаш паём медиҳад. Яке аз он тӯфони сард Фаронса, ки одамон бар асари он ҳалок шуданд. Ё деворе дар варзишгоҳи Кувейт чаппа шудаву даҳҳо танро вақти бозӣ захмӣ кардааст.
Ва ин гуна рӯйдодҳо зиёданд. Чанде аз онҳоро интихоб

Ҳушдори Кумита аз вазиши боди шадид дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон имрӯз, дуюми январ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд вазиши боди шадид дар назар аст. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз меҳмонон ва сокинони кишвар хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд.

Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ

31.12.2017, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Тибқи солшумории мелодӣ соли 2017 сипарӣ шуда, соли нави 2018 фаро мерасад.

Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.